https://sputnik.tj/20241126/bortnikov-ima-mekhohad-idm-besuboti-ejod-kunad-1065272936.html
Бортников гуфт, чаро ИМА мехоҳад дар ИДМ бесуботӣ эҷод кунад
Бортников гуфт, чаро ИМА мехоҳад дар ИДМ бесуботӣ эҷод кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ФСБ-и Русия ахиран таъкид кард, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш мехоҳанд дар кишварҳои ИДМ бесарусомонӣ эҷод кунанд
2024-11-26T15:49+0500
2024-11-26T15:49+0500
2024-11-26T15:49+0500
русия
дар русия
ғарб
идм
ғарб
амният ва мудофиа
александр бортников
фсб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065272756_0:0:3099:1743_1920x0_80_0_0_81b0960f3b0d7f930f9f06d429edb76e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Роҳбари ФСБ-и Русия мегӯяд, ки терроризми байналмилалӣ як воситаи муҳими хадамоти иктишофии хориҷӣ барои бесубот кардани амният дар кишварҳои ИДМ мебошадРоҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки терроризми байналмилалӣ воситаи муҳими хадамотҳои иктишофии хориҷӣ буда барои бесуботии амният дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон равона мекунанд.Вай ёдовар шуд, ки бузургтарин хатар барои кишварҳои ИДМ тамаркузи созмонҳои байналмилалии террористӣ дар қаламрави Афғонистон ва интиқоли ҷангҷӯён ба манотиқи марзӣ аз Ховари Миёна аст.Раиси ФСБ ёдовар шуд, ки нақши асосиро байни гурӯҳҳои мухталиф мисли пештара созмони террористии "Давлати исломӣ"*, Вилояти Хуросон* ва Ал-Қоида* (гурӯӯҳои террористӣ мамнӯъ дар Русия) мебозанд.Вай бори дигар хостори ҳамкорӣ бо мақомоти афғон дар муқобили ин таҳдид шуд."Бо дарназардошти тадбирҳои ҷунбиши Толибон** барои мубориза бо ДОИШ*, бовар дорам, ки имкони ҳамкории созанда бо мақомоти Афғонистон ва хадамоти иктишофии Афғонистон дар ин самт, инчунин дар самти мубориза бо қочоқи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир имконпазир аст", -гуфт Бортников.Ҳамчунин оқои Бортников қайд кард, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш мехоҳанд дар ИДМ бесарусомонӣ эҷод кунанд ва фазои Иттиҳодро ба як пойгоҳи арзони захиравӣ табдил диҳанд.*-гурӯҳҳои террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия **- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20241108/kishvarho-idm-konsepsiya-hamkorii-nizomi-tahiya-dorand-1065037553.html
русия
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065272756_294:0:3025:2048_1920x0_80_0_0_5f757ace9e9eb577e909d679a569a2da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, фсб, има, ғарб, бесуботӣ, вашингтон, бортников, амният
русия, фсб, има, ғарб, бесуботӣ, вашингтон, бортников, амният
Бортников гуфт, чаро ИМА мехоҳад дар ИДМ бесуботӣ эҷод кунад
Раҳбари ФСБ-и Русия ахиран таъкид кард, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш мехоҳанд дар кишварҳои ИДМ бесарусомонӣ эҷод кунанд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Роҳбари ФСБ-и Русия мегӯяд, ки терроризми байналмилалӣ як воситаи муҳими хадамоти иктишофии хориҷӣ барои бесубот кардани амният дар кишварҳои ИДМ мебошад
Роҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки терроризми байналмилалӣ воситаи муҳими хадамотҳои иктишофии хориҷӣ буда барои бесуботии амният дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон равона мекунанд.
Вай ёдовар шуд, ки бузургтарин хатар барои кишварҳои ИДМ тамаркузи созмонҳои байналмилалии террористӣ дар қаламрави Афғонистон ва интиқоли ҷангҷӯён ба манотиқи марзӣ аз Ховари Миёна аст.
Раиси ФСБ ёдовар шуд, ки нақши асосиро байни гурӯҳҳои мухталиф мисли пештара созмони террористии "Давлати исломӣ"*, Вилояти Хуросон* ва Ал-Қоида* (гурӯӯҳои террористӣ мамнӯъ дар Русия) мебозанд.
Вай бори дигар хостори ҳамкорӣ бо мақомоти афғон дар муқобили ин таҳдид шуд.
"Бо дарназардошти тадбирҳои ҷунбиши Толибон** барои мубориза бо ДОИШ*, бовар дорам, ки имкони ҳамкории созанда бо мақомоти Афғонистон ва хадамоти иктишофии Афғонистон дар ин самт, инчунин дар самти мубориза бо қочоқи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир имконпазир аст", -гуфт Бортников.
Ҳамчунин оқои Бортников қайд кард, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш мехоҳанд дар ИДМ бесарусомонӣ эҷод кунанд ва фазои Иттиҳодро ба як пойгоҳи арзони захиравӣ табдил диҳанд.
*-гурӯҳҳои террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия
**- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.