https://sputnik.tj/20241125/rahmon-rohbari-guruhi-bonki-islomii-rushd-ordeni-dusti-1065255661.html
Раҳмон ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд ордени "Дӯстӣ" дод
Раҳмон ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд ордени "Дӯстӣ" дод
Sputnik Тоҷикистон
Ордени "Дӯстӣ"-ро ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад ал-Ҷасир муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Риёз шахсан супурд
2024-11-25T12:01+0500
2024-11-25T12:01+0500
2024-11-25T12:01+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
риёз
орден
нишони дӯстӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/19/1065255099_0:237:830:704_1920x0_80_0_0_973bf41087d82987fe0d319134192c32.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир ордени "Дӯстӣ" дод.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.“Ба хотири саҳми арзандаи роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба аз номи Президенти Тоҷикистон мавсуф бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон – ордени "Дӯстӣ" қадр кардони шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.Қайд карда шудааст, ки Ордени “Дӯстӣ” дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини якуми Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода бо роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир супурда шудааст.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории кишварҳо барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Зимни суҳбат қайд гардид, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф 825 миллион доллар ҷудо шудааст.
https://sputnik.tj/20240610/rahmon-tavajjuh-bonk-islomi-rushd-bunyod-roghun-sipos-1063161788.html
арабистони саудӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/19/1065255099_0:236:830:859_1920x0_80_0_0_18d4ff64753e06a867057e13ebf109cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ордени дӯстӣ, риёз, арабистони саудӣ, энергетика, иқтисод, сармоя
тоҷикистон, ордени дӯстӣ, риёз, арабистони саудӣ, энергетика, иқтисод, сармоя
Раҳмон ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд ордени "Дӯстӣ" дод
Ордени "Дӯстӣ"-ро ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад ал-Ҷасир муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Риёз шахсан супурд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир ордени "Дӯстӣ" дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
“Ба хотири саҳми арзандаи роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба аз номи Президенти Тоҷикистон мавсуф бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон – ордени "Дӯстӣ" қадр кардони шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки Ордени “Дӯстӣ” дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини якуми Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода бо роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир супурда шудааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории кишварҳо барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф 825 миллион доллар ҷудо шудааст.