https://sputnik.tj/20241124/ruz-parcham-davlat-tojikiston-jashn-chi-guna-paydo-1065244414.html
Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон: ҷашн чӣ гуна пайдо шуд
Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон: ҷашн чӣ гуна пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Парчам аз қадимулайём дар таърихи башарият рамзи давлатдорӣ, бузургӣ ва ифтихор, шаъну шараф буд ва ҳаст
2024-11-24T12:30+0500
2024-11-24T12:30+0500
2024-11-24T12:30+0500
дар тоҷикистон
рӯзи парчам
ҷашн
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101763/97/1017639722_0:45:1601:945_1920x0_80_0_0_ede7347eac96cae45c46695c17dc2463.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Ин сана ба феҳристи идҳои давлатии кишвар шомил шуда, соли 2009 ба тақвим ворид шудааст. Sputnik Тоҷикистон дигарбора шуморо ба таърихи пайдоиши ин ҷашни муҳим дар кишвар мебарад.Рӯзи Парчами Тоҷикистон чӣ гуна пайдо шуд?Соли 2009 масъалаи ворид кардани Рӯзи Парчами Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ ва қабул шуда, пас аз он ба палатаи болоӣ интиқол дода шуд. Вақте ки ҳамаи ҷонибҳо ин ташаббусро пазируфтанд, ин санад ба сари мизи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оварда шуд. Аз ҳамон лаҳза Рӯзи Парчами давлатӣ ба ҷашни расмӣ табдил ёфт. Сана ботантана дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, аммо рӯзи истироҳат нест.Парчами Тоҷикистон чӣ гуна пайдо шуд?Парчами муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст. Аммо ҳалли масъала чандон осон набуд, бинобар ин ниҳодҳои салоҳиятдори кишвар озмуни пушида эълон карданд, ки он чанд моҳ давом кард. Парчами кунунӣ аз миёни беш аз 200 тарҳ интихоб шудааст. Раиси комиссияи махсус академик Муҳаммад Осимӣ буд. Дар охир намунаи рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ғолиб баромад. Ӯ дар якҷоягӣ бо тарроҳ Анатолий Заневский ва санъатшиносон Ирина Игнатушина ва Лариса Додхудоева лоиҳаи парчами Тоҷикистонро таҳия кардаанд. Тавре ки баъдтар аъзои комиссия қайд карданд, парчами тақдимкардаи Ҳабибуллоев нисбат ба дигарон ба таърихи халқи тоҷик ва анъанаҳои миллӣ наздиктар буд.Парчами Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна аст: рангҳо ва рамзҳоПарчами давлатӣ як сохтори росткунҷаест, ки ба 3 рахи уфуқӣ тақсим шудааст: сурх, сафед ва сабз. Хати боло сурх буда, паҳнои он ба рахи сабзи поёнӣ баробар ва миёнааш сафед аст - 1,5 маротиба калонтар. Дар маркази парчам тоҷи тиллоӣ бо нимдоираи ҳафт ситораи 5-гуша ҷойгир аст. Ранги сурх рамзи фидокории мардум, озодиву истиқлолият, сафед – покӣ, некӣ, неруи ахлоқию маънавӣ, сабз – шукуфоӣ, сарбаландӣ ва ҷовидонӣ мебошад. Тоҷ дар маркази парчами Тоҷикистон қудрат ва соҳибихтиёриро ифода мекунад. Ситораҳо 7 минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд (онҳоро набояд бо минтақаҳои ҷуғрофӣ омехта кард!): Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.Дигар парчамҳо дар таърихи халқи тоҷикТибқи ривоят қадимтарин парчам, ки рамзи ваҳдату якпорчагии давлатдории ориёиҳост, "Дирафши Ковиён" маҳсуб мешавад. Дар достони бостонии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ гуфта мешавад, ки "Дирафши Ковиён" дар замони шӯриши мардум бо сарварии оҳангар Кова алайҳи Заҳҳок пайдо шудааст.Минбаъд ин парчам тӯли чанд аср дар замони сулолаҳои Ҳахоманишиҳо, Аршакониён ва Сосониён истифода мешуд. “Дирафши Ковиён” имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Аз ҷумла, он дар маркази Ливои Президентӣ ҳамчун рамзи пойдорӣ ва идомаи таърихии давлатдории миллии халқи тоҷик тасвир шудааст. Тағйироти ҷиддии парчам дар замони хонии Бухоро ба амал омад. Парчами он давра парчами сабзи равшан буд, ки бо навиштаҷоти арабӣ, ҳилол ва ситора навишта шуда буд. Дар поёни он "дастони Фотима" тасвир ёфта буд. Дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ се рангаи ошно бо досу болға ҳамчун парчами ҶШС Тоҷикистон истифода мешуд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ парчам рангҳоро нигоҳ дошт, зеро Муҳаммад Осимӣ бар ин бовар буд, ки миёни Тоҷикистони Шӯравӣ ва соҳибистиқлол бояд пайвастагӣ бошад.Парчами Тоҷикистон ба кадом парчамҳои дигар шабоҳат дорад?Парчами Тоҷикистон ба парчами эронӣ хеле наздик аст, ки ба наздикии этникӣ, фарҳангӣ ва забонии ин ду халқ, ки гузаштаи муштарак доранд, бастагӣ дорад. Парчами муосири Эрон дар соли 1980 пас аз инқилоби исломӣ қабул шуд. Он аз се рахи баробари уфуқӣ иборат аст: сабз, сафед ва сурх ва дар мобайн нусхаи хаттии калимаи Аллоҳ аст. Инчунин дар рахҳои сабзу сурх 22 маротиба калимаи "Аллоҳу Акбар" навишта шудааст.Тибқи тафсири эронӣ, сабз ифодагари ҳосилхезӣ, тартиб ва шодӣ, сафед - сулҳ, сурх - шуҷоат ва хуни шуҳадои дар ҷанг кушташуда мебошад. Аммо рангҳои парчами Тоҷикистон бо тартиби баръакс буда, паҳнои рахҳо баробар нест. Ҳамчунин, рамзи давлатии Тоҷикистон ба парчами Маҷористон шабоҳат дорад. Рангҳои сурх, сафед ва сабз бори аввал соли 1608 дар замони ҳукмронии шоҳи Ҳабсбург Маттиас II истифода шуда буданд. Ливо соли 1952 тасдиқ шуда буд ва аз герби таърихии Маҷористон омадааст, ки дар он салиби нуқра дар теппаи сабз бо заминаи сурх тасвир шудааст. Мувофиқи ин таъбир ранги сурх рамзи хуни ватандустони Маҷористон, ки дар мубориза барои истиқлолияти мамлакат рехтааст, ифода мекунад. Сафед дар бораи покии ахлоқӣ ва наҷиб будани идеалҳои мардум сухан меронад. Сабз ифодагари умедҳо ба ояндаи беҳтари кишвар аст. Албатта, дар бораи наздикии таърихӣ, фарҳангӣ ё забонии Тоҷикистону Маҷористон ҳарф задан душвор аст, аммо ба ҳам монанд будани рангҳои парчамро рад кардан душвор аст. Имрӯз барои мардуми Тоҷикистон Парчами давлатӣ рамзест, ки тоҷиконрои манотиқи мухталифи ҷаҳонро муттаҳид мекунад.
https://sputnik.tj/20241123/ruz-parcham-tojikiston-khujand-boshukuh-tajlil-1065242640.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101763/97/1017639722_140:0:1459:989_1920x0_80_0_0_355dbba80b6a68a4ae2878d80e217ef0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзи парчами давлат тоҷикистон ҷашн пайдоиш
рӯзи парчами давлат тоҷикистон ҷашн пайдоиш
Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон: ҷашн чӣ гуна пайдо шуд
Парчам аз қадимулайём дар таърихи башарият рамзи давлатдорӣ, бузургӣ ва ифтихор, шаъну шараф буд ва ҳаст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.
Ин сана ба феҳристи идҳои давлатии кишвар шомил шуда, соли 2009 ба тақвим ворид шудааст.
Sputnik Тоҷикистон дигарбора шуморо ба таърихи пайдоиши ин ҷашни муҳим дар кишвар мебарад.
Рӯзи Парчами Тоҷикистон чӣ гуна пайдо шуд?
Соли 2009 масъалаи ворид кардани Рӯзи Парчами Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ ва қабул шуда, пас аз он ба палатаи болоӣ интиқол дода шуд.
Вақте ки ҳамаи ҷонибҳо ин ташаббусро пазируфтанд, ин санад ба сари мизи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оварда шуд. Аз ҳамон лаҳза Рӯзи Парчами давлатӣ ба ҷашни расмӣ табдил ёфт.
Сана ботантана дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, аммо рӯзи истироҳат нест.
Парчами Тоҷикистон чӣ гуна пайдо шуд?
Парчами муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст.
Аммо ҳалли масъала чандон осон набуд, бинобар ин ниҳодҳои салоҳиятдори кишвар озмуни пушида эълон карданд, ки он чанд моҳ давом кард.
Парчами кунунӣ аз миёни беш аз 200 тарҳ интихоб шудааст. Раиси комиссияи махсус академик Муҳаммад Осимӣ буд. Дар охир намунаи рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ғолиб баромад.
Ӯ дар якҷоягӣ бо тарроҳ Анатолий Заневский ва санъатшиносон Ирина Игнатушина ва Лариса Додхудоева лоиҳаи парчами Тоҷикистонро таҳия кардаанд.
Тавре ки баъдтар аъзои комиссия қайд карданд, парчами тақдимкардаи Ҳабибуллоев нисбат ба дигарон ба таърихи халқи тоҷик ва анъанаҳои миллӣ наздиктар буд.
Парчами Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна аст: рангҳо ва рамзҳо
Парчами давлатӣ як сохтори росткунҷаест, ки ба 3 рахи уфуқӣ тақсим шудааст: сурх, сафед ва сабз.
Хати боло сурх буда, паҳнои он ба рахи сабзи поёнӣ баробар ва миёнааш сафед аст - 1,5 маротиба калонтар. Дар маркази парчам тоҷи тиллоӣ бо нимдоираи ҳафт ситораи 5-гуша ҷойгир аст.
Ранги сурх рамзи фидокории мардум, озодиву истиқлолият, сафед – покӣ, некӣ, неруи ахлоқию маънавӣ, сабз – шукуфоӣ, сарбаландӣ ва ҷовидонӣ мебошад.
Тоҷ дар маркази парчами Тоҷикистон қудрат ва соҳибихтиёриро ифода мекунад. Ситораҳо 7 минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд (онҳоро набояд бо минтақаҳои ҷуғрофӣ омехта кард!): Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.
Дигар парчамҳо дар таърихи халқи тоҷик
Тибқи ривоят қадимтарин парчам, ки рамзи ваҳдату якпорчагии давлатдории ориёиҳост, "Дирафши Ковиён" маҳсуб мешавад.
Дар достони бостонии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ гуфта мешавад, ки "Дирафши Ковиён" дар замони шӯриши мардум бо сарварии оҳангар Кова алайҳи Заҳҳок пайдо шудааст.
Минбаъд ин парчам тӯли чанд аср дар замони сулолаҳои Ҳахоманишиҳо, Аршакониён ва Сосониён истифода мешуд.
“Дирафши Ковиён” имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Аз ҷумла, он дар маркази Ливои Президентӣ ҳамчун рамзи пойдорӣ ва идомаи таърихии давлатдории миллии халқи тоҷик тасвир шудааст.
Тағйироти ҷиддии парчам дар замони хонии Бухоро ба амал омад. Парчами он давра парчами сабзи равшан буд, ки бо навиштаҷоти арабӣ, ҳилол ва ситора навишта шуда буд. Дар поёни он "дастони Фотима" тасвир ёфта буд.
Дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ се рангаи ошно бо досу болға ҳамчун парчами ҶШС Тоҷикистон истифода мешуд.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ парчам рангҳоро нигоҳ дошт, зеро Муҳаммад Осимӣ бар ин бовар буд, ки миёни Тоҷикистони Шӯравӣ ва соҳибистиқлол бояд пайвастагӣ бошад.
Парчами Тоҷикистон ба кадом парчамҳои дигар шабоҳат дорад?
Парчами Тоҷикистон ба парчами эронӣ хеле наздик аст, ки ба наздикии этникӣ, фарҳангӣ ва забонии ин ду халқ, ки гузаштаи муштарак доранд, бастагӣ дорад.
Парчами муосири Эрон дар соли 1980 пас аз инқилоби исломӣ қабул шуд. Он аз се рахи баробари уфуқӣ иборат аст: сабз, сафед ва сурх ва дар мобайн нусхаи хаттии калимаи Аллоҳ аст. Инчунин дар рахҳои сабзу сурх 22 маротиба калимаи "Аллоҳу Акбар" навишта шудааст.
Тибқи тафсири эронӣ, сабз ифодагари ҳосилхезӣ, тартиб ва шодӣ, сафед - сулҳ, сурх - шуҷоат ва хуни шуҳадои дар ҷанг кушташуда мебошад. Аммо рангҳои парчами Тоҷикистон бо тартиби баръакс буда, паҳнои рахҳо баробар нест.
Ҳамчунин, рамзи давлатии Тоҷикистон ба парчами Маҷористон шабоҳат дорад. Рангҳои сурх, сафед ва сабз бори аввал соли 1608 дар замони ҳукмронии шоҳи Ҳабсбург Маттиас II истифода шуда буданд.
Ливо соли 1952 тасдиқ шуда буд ва аз герби таърихии Маҷористон омадааст, ки дар он салиби нуқра дар теппаи сабз бо заминаи сурх тасвир шудааст.
Мувофиқи ин таъбир ранги сурх рамзи хуни ватандустони Маҷористон, ки дар мубориза барои истиқлолияти мамлакат рехтааст, ифода мекунад. Сафед дар бораи покии ахлоқӣ ва наҷиб будани идеалҳои мардум сухан меронад.
Сабз ифодагари умедҳо ба ояндаи беҳтари кишвар аст. Албатта, дар бораи наздикии таърихӣ, фарҳангӣ ё забонии Тоҷикистону Маҷористон ҳарф задан душвор аст, аммо ба ҳам монанд будани рангҳои парчамро рад кардан душвор аст.
Имрӯз барои мардуми Тоҷикистон Парчами давлатӣ рамзест, ки тоҷиконрои манотиқи мухталифи ҷаҳонро муттаҳид мекунад.