https://sputnik.tj/20241124/rahmon-tojikistoniyon-ruz-parcham-shodbosh-1065245519.html
Президент тоҷикистониёнро бо Рӯзи парчами давлатӣ шодбош гуфт
Президент тоҷикистониёнро бо Рӯзи парчами давлатӣ шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро сарвари давлат вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд хонд
2024-11-24T10:25+0500
2024-11-24T10:25+0500
2024-11-24T11:00+0500
дар тоҷикистон
рӯзи парчам
паёми табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042472528_0:211:2049:1363_1920x0_80_0_0_a34fac2a80dc40dcc11f3023ef400cde.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 инҷониб ҳар сол 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфт.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.Ба гуфтаи президент ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум мебошад.Хусусан, дар вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза Парчами давлатии мо ба рамзи ҳувияти миллӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат табдил ёфтааст.Кишвардор гуфт, тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ мо тавонистем, ки маҳз таҳти Парчами миллии худ раванди эъмори давлати пояндаи хешро бар пояи арзишу суннатҳои миллӣ вусъат бахшем.Эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлолро сарвари давлат вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд дар дохил ва хориҷ аз кишвар хонд.Дар интиҳо раисҷумҳур гуфт, ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ бояд ҳамеша талқин намоем, ки парчами давлатӣ шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва рӯйи сурху сари баланди ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20241123/ruz-parcham-tojikiston-khujand-boshukuh-tajlil-1065242640.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042472528_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_425292eecc7e882fe1854b4e9baa12a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон тоҷикистониён рӯзи парчам давлат шодбош
раҳмон тоҷикистониён рӯзи парчам давлат шодбош
Президент тоҷикистониёнро бо Рӯзи парчами давлатӣ шодбош гуфт
10:25 24.11.2024 (Навсозишуда: 11:00 24.11.2024) Эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро сарвари давлат вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд хонд
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 инҷониб ҳар сол 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба гуфтаи президент ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.
"Тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиён, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдории давлатдории миллии мо инъикос ёфтаанд, таҷассумгари асолату ҳувияти миллӣ ва нангу номуси тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва соҳиби таърихи бостонӣ ба шумор мераванд",- афзудааст Раҳмон.
Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум мебошад.
Хусусан, дар вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза Парчами давлатии мо ба рамзи ҳувияти миллӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат табдил ёфтааст.
Кишвардор гуфт, тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ мо тавонистем, ки маҳз таҳти Парчами миллии худ раванди эъмори давлати пояндаи хешро бар пояи арзишу суннатҳои миллӣ вусъат бахшем.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлолро сарвари давлат вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд дар дохил ва хориҷ аз кишвар хонд.
Дар интиҳо раисҷумҳур гуфт, ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ бояд ҳамеша талқин намоем, ки парчами давлатӣ шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва рӯйи сурху сари баланди ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.