Песков гуфт Русия ба кадом муҳоҷирон ниёз дораду аз кадом эҳсоси хатар мекунад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2024
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки кишвараш дар шароити мушкилоти демографӣ аз омадани муҳоҷирон корӣ истиқбол мекунад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Муҳоҷирон барои рушди босуръати Русия заруранд, дар пасманзари вазъи демографӣ омадани шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро истиқбол мекунем, гуфт ба хабарнигорон сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
“Ба муҳоҷирон ниёз дорем. Гап дар сари он аст, ки вазъияти демографии мо хеле мушкил аст. Мо дар бузургтарин кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунем, аммо мо кам ҳастем”, - қайд кард, оқои Песков.
"Барои он ки мо ба таври назаррас рушд кунем ва тамоми барномаҳои пешрафти кишварро иҷро кунем, албатта, ба коргарон ниёз дорем. Мо аз онҳо истиқбол мекунем”, - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, оқои Песков қайд кард, ки дар маҷмӯъ на муҳоҷирон, балки муҳоҷирати ғайриқонунӣ мушкилот эҷод мекунанд.
Председатель Госдумы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2024
Раиси думаи давлатии Русия гуфт, муҳоҷирон дар кадом соҳаҳо иҷозати кор надоранд
“Муҳоҷирони корӣ мушкиле надоранд. Мушкилот дар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аст. Дар муҳите, ки қонун поймол мешавад, шароит барои ҳама намуд ҷиноятҳо, ба вижа ифротгароӣ, мазҳабӣ, нашъамандӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Мушкилот дар ҳамин аст", - қайд кард Песков.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар Клуби Валдай дар бораи зарурати муҳоҷирон барои рушди иқтисоди Русия сухан карда буд.
"Албатта, барои пешрафти иктисодиёт ба мо коргар лозим аст. Ғайр аз ин, нарасидани шумораи кофии коргарон имрӯз яке аз монеахои асосии пешрафти иктисодиёти мо мебошад. Ҳоло дар сохтмон тақрибан ним миллион нафар, дар саноат шашсад ҳазор нафар ва ҳатто дар саноат ҳоло 250 ҳазор нафар лозим аст ва ин ҳам кофӣ нахоҳад буд", - гуфт роҳбари Русия.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти интизомии Русия хабар дода буд, ки дар нӯҳи моҳи соли 2024 шумораи патентҳо додашуда барои кор то 100 ҳазор камшуда 1,6 миллион ададро ташкил додааст.
Дар баробари ин аз аввали соли 2025 қимати иҷозаномаи корӣ ва ё патент дар шаҳри Маскав пойтахти Русия 20 дарсад боло бурда мешавад.
Сар аз моҳи январ қимати патент , ки ҳоло 7400 рубл аст, тақрибан 9 ҳазор рубл мешавад.
Лентаи хабарҳо
0