https://sputnik.tj/20241121/tavajjuhi-gardishgaron-khoriji-tojikiston-ziyod-shud-1065204963.html
Таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёд шуд
Таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир босуръат рушд карда, ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад
2024-11-21T10:46+0500
2024-11-21T10:46+0500
2024-11-21T10:46+0500
тасвирбаён
сайёҳӣ
сайёҳон
гардишгарӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/14/1065202346_0:0:1333:749_1920x0_80_0_0_7b8f81542f9b9dd567b26ed2b6198ffb.jpg
Дар давоми 9 моҳи соли равон ба аз Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиону 223,2 ҳазор хориҷиён боздид намуданд.Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда — 195,6 ҳазор нафар ё 19 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 941,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 17,3 фоиз зиёд аст.Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 118,5 ҳазор нафар ё 91,4 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 852,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.Дар ҳамин ҳол, шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 104,7 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 8,6% аз шумораи умумӣ) ва 89,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.Ба иттилои Кумитаи сайёҳӣ дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Узбекистон будаанд.“Шумораи онҳо зиёда аз 746,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 61,0 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад”, - иттилоъ додааст манбаъ.Теъдоди сайёҳоне, ки дар давоми нуҳ моҳ аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 329,0 ҳазор нафар ё 26,9 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст.Дар ҷои сеюм Қазоқистон – 28,9 ҳазор нафар, баъдан Қирғизистон — 4,4 ҳазор нафар, Туркманистон – 4,1 ҳазор нафар, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 21,6 ҳазор нафар, Афғонистон — 10,4 ҳазор нафар, ИМА – 9,2 ҳазор нафар, Эрон – 6,8 ҳазор нафар, Туркия – 6,1 ҳазор нафар, Олмон – 5,2 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 3,7 ҳазор нафар, Бангладеш – 3,3 ҳазор нафар, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея – 2,2 ҳазор нафар, Фаронса, Ҷопон, Италия, Покистон ва Полша – 2,1 ҳазор нафарӣ, Австралия – 1,9 ҳазор нафар ва Канада 1,8 ҳазор нафар мебошанд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/14/1065202346_143:0:1142:749_1920x0_80_0_0_3f60a36341e4b5b8a2cc19a67bc15faa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, сайёҳ, гардишгарон, тоҷикистон, таваҷҷуҳ, боздид
тасвирбаён, сайёҳ, гардишгарон, тоҷикистон, таваҷҷуҳ, боздид
Таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёд шуд
Бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир босуръат рушд карда, ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад
Дар давоми 9 моҳи соли равон ба аз Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиону 223,2 ҳазор хориҷиён боздид намуданд.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда — 195,6 ҳазор нафар ё 19 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 941,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 17,3 фоиз зиёд аст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 118,5 ҳазор нафар ё 91,4 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 852,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 104,7 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 8,6% аз шумораи умумӣ) ва 89,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
Ба иттилои Кумитаи сайёҳӣ дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Узбекистон будаанд.
“Шумораи онҳо зиёда аз 746,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 61,0 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Теъдоди сайёҳоне, ки дар давоми нуҳ моҳ аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 329,0 ҳазор нафар ё 26,9 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст.
Дар ҷои сеюм Қазоқистон – 28,9 ҳазор нафар, баъдан Қирғизистон — 4,4 ҳазор нафар, Туркманистон – 4,1 ҳазор нафар, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 21,6 ҳазор нафар, Афғонистон — 10,4 ҳазор нафар, ИМА – 9,2 ҳазор нафар, Эрон – 6,8 ҳазор нафар, Туркия – 6,1 ҳазор нафар, Олмон – 5,2 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 3,7 ҳазор нафар, Бангладеш – 3,3 ҳазор нафар, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея – 2,2 ҳазор нафар, Фаронса, Ҷопон, Италия, Покистон ва Полша – 2,1 ҳазор нафарӣ, Австралия – 1,9 ҳазор нафар ва Канада 1,8 ҳазор нафар мебошанд.