https://sputnik.tj/20241121/mubodiloti-tijori-iiao-eron-armaniston-1065214123.html
14 дарсад аз мубодилоти тиҷорӣ ИИАО ва Эрон ба кумаки Арманистон таъмин мешавад
14 дарсад аз мубодилоти тиҷорӣ ИИАО ва Эрон ба кумаки Арманистон таъмин мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Арманистон таъкид кардааст, ки ҳудуди 14 дарсад гардиши тиҷорӣ бо Эрон бо кумаки Ереван сурат мегирад
2024-11-21T19:16+0500
2024-11-21T19:16+0500
2024-11-21T19:16+0500
ииао
авруосиё
эрон
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_0:170:3252:1999_1920x0_80_0_0_33e5b055f5803c8f8f890e9fe8129b9f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Геворг Попӯян, вазири иқтисоди Арманистон, дар чорчӯби ҷаласаи маҷлиси миллии Арманистон зимни муаррифӣ пешнависи қонун дар бораи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон эълом кард, ки 14 дарсад аз мубодилоти тиҷории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон ба кумаки ироаи хадамоти Арманистон таъмин мешавад.Ин тавофуқ метавонад барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ фурсатҳои хӯбе фароҳам созад.Эрон бузургтарин иқтисоди ховари миёна ва кишвари калидӣ дар масири тиҷории ҷанубии кишварҳои ховари миёна ва кишварҳои ҷануб аст.Маврид ба зикр аст, ки тавофуқи муваққате, ки дар соли 2019 тасвиб ёфт, фурсати беназире барои афзоиши чашмгири гардиши молии кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёу Эрон фароҳам кард ва дар натиҷаи он гардиши молии мазкур аз 2,4 миллиард доллар ба 5,2 миллиард доллар афзоиш ёфт.Лозим ба зикр аст, ки ҳудуди 14 дарсад аз ин 5,2 миллиард гардиши тиҷорӣ бо Эрон ба кумаки Арманистон анҷом мешавад ва ин як рақами бисёр бузург аст. Ҳадафи аслии ин тарҳ тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон иртиқои ҳамкориҳо дар заминаҳои мавриди алоқа аст.Тибқи пешбиниҳои коршиносон бо иҷрои ин тавофуқ, содироти Иттиҳодияи ииқтисодии АвруОсиё ба бозори Эрон афзоиш чашмгире хоҳад дошт ва тавофуқи мазкур дар ростои тавсеаи барномаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои мушорикатӣ кумакҳои зиёде хоҳад кард.Шоён зикраст ки то солҳои ахир, гардиши тиҷории Арманистон бо Эрон ҳудуди 300 милюн доллар будааст, аммо дар солҳои ахири ин гардиши тиҷорӣ ду баробар шуда ва ба маблағи 700 милюн доллар расидааст.
https://sputnik.tj/20241119/komissiyai-itstisodi-avruosiyo-sathi-tavarumr-iiao-tahlil-1065175590.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_436:0:3167:2048_1920x0_80_0_0_03042337c40d97df6ef1ec52329d8b7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ииао, авруосиё, тиҷорат, арманистон, гардиши тиҷорат
эрон, ииао, авруосиё, тиҷорат, арманистон, гардиши тиҷорат
14 дарсад аз мубодилоти тиҷорӣ ИИАО ва Эрон ба кумаки Арманистон таъмин мешавад
Мақомоти Арманистон таъкид кардааст, ки ҳудуди 14 дарсад гардиши тиҷорӣ бо Эрон бо кумаки Арманистон сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Геворг Попӯян, вазири иқтисоди Арманистон, дар чорчӯби ҷаласаи маҷлиси миллии Арманистон зимни муаррифӣ пешнависи қонун дар бораи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон эълом кард, ки 14 дарсад аз мубодилоти тиҷории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон ба кумаки ироаи хадамоти Арманистон таъмин мешавад.
Ин тавофуқ метавонад барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ фурсатҳои хӯбе фароҳам созад.
Эрон бузургтарин иқтисоди ховари миёна ва кишвари калидӣ дар масири тиҷории ҷанубии кишварҳои ховари миёна ва кишварҳои ҷануб аст.
Маврид ба зикр аст, ки тавофуқи муваққате, ки дар соли 2019 тасвиб ёфт, фурсати беназире барои афзоиши чашмгири гардиши молии кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёу Эрон фароҳам кард ва дар натиҷаи он гардиши молии мазкур аз 2,4 миллиард доллар ба 5,2 миллиард доллар афзоиш ёфт.
Лозим ба зикр аст, ки ҳудуди 14 дарсад аз ин 5,2 миллиард гардиши тиҷорӣ бо Эрон ба кумаки Арманистон анҷом мешавад ва ин як рақами бисёр бузург аст.
Ҳадафи аслии ин тарҳ тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон иртиқои ҳамкориҳо дар заминаҳои мавриди алоқа аст.
Тибқи пешбиниҳои коршиносон бо иҷрои ин тавофуқ, содироти Иттиҳодияи ииқтисодии АвруОсиё ба бозори Эрон афзоиш чашмгире хоҳад дошт ва тавофуқи мазкур дар ростои тавсеаи барномаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои мушорикатӣ кумакҳои зиёде хоҳад кард.
Шоён зикраст ки то солҳои ахир, гардиши тиҷории Арманистон бо Эрон ҳудуди 300 милюн доллар будааст, аммо дар солҳои ахири ин гардиши тиҷорӣ ду баробар шуда ва ба маблағи 700 милюн доллар расидааст.