https://sputnik.tj/20241120/tojikistonu-eron-dodugiriftro-yak-milliard-dollar-rasonand-1065199164.html
Тоҷикистону Эрон ният доранд додугирифтро ба як миллиард доллар расонанд
Тоҷикистону Эрон ният доранд додугирифтро ба як миллиард доллар расонанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Теҳрон тиҷорати 9 моҳаи Эрону Тоҷикистон марзи 300 миллин долларро убур кард
2024-11-20T18:06+0500
2024-11-20T18:06+0500
2024-11-20T19:39+0500
дар тоҷикистон
тиҷорат
табодули мол
додугирифт
эрон
иқтисод
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/14/1065201363_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_8060afb5a19d1626d9686d8b67a9e0ef.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Низомиддн Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо раиси утоқи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода бо эъломи убури тиҷорати ду кишвар аз марзи 300 миллион доллар дар 9 моҳи ахир, гуфт, ки Тоҷикистон солона ба як миллион тонна нафт ниёз дорад, ки Эрон метавонад онро таъмин кунанд.Низомиддин Зоҳидӣ афзуд, ки агарчӣ арқоми тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон кучак аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои хебе доштаем ва ҳаҷми тиҷорат аз соли 99 то кунун наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст.Оқои Зоҳиди дар ин дидор қайд кард, ки Тоҷикистон мехоҳад табодули коло бо Эронро ба як миллиард доллар расонад.Вай бо таъкид бар аҳамияти ҷойгоҳи утоқи Эрон барои эҷоди равобити пойдори тиҷории байни ду кишвар, гуфт: муштаракоти забонӣ ва суннатҳои фарҳангь миёни ду кишвар бояд бистаре барои тавсеаи ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон бошад.Зоҳидӣ бо даъват аз раиси утоқи Эрон барои сафар ба Тоҷикистон дар раъси ҳайатии тиҷорӣ, идома дод: сафорати Тоҷикистон дар Эрон талош мекунад иттилооти марбут ба намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷории Тоҷикистонро итилоърасонӣ карда ва шароити ҳузури туҷҷори эронӣ дар ин намоишгоҳҳоро фароҳам кунад.Вай изҳор дошт, ки ҳамон тавре ки Тоҷикистон бо Узбекистони тавофуқи тиҷорат тарҷеҳӣ дорад, бояд байни Эрону Тоҷикистон низ тафоҳумномаи тиҷорати тарҷеҳӣ имзо шавад.Зоҳидӣ бо таъкид бар ин ки бояд лағви раводиди миёни Эрону Тоҷикистон ба таври комил иҷро шавад, гуфт лағви раводид фақат шомили парвози Теҳрон – Душанбе аст ва ба унвони мисол парвози Машҳад - Душанбе ё дигари шаҳрҳоро шомил намешавад.Сафири Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ин дар ҳолеаст ки мо ба зудӣ парвози Широз - Душанберо низ роҳандозӣ хоҳем кард ва лағви комили раводид ба беҳбуди гардишгарӣ ва равнақи тиҷорати миёни ду кишвар кумак хоҳад кард.Раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон Самад Ҳасанзода низ дар ин дидор гуфт ки ҳаҷми тиҷорат миёни Эрону Тоҷикистон бо зарфиятҳои ду кишвари фосила зиёде дорад ва утоқҳои бозаргонии ду кишвар вазифадоранд фаъолони иқтисодии худро ҳарчи бештар дар ҷараёни ин зарфиятҳо ва фурсатҳои ҳамкории муштарак қарор диҳанд.“Ин зарфияти хубе барои тавсеаи равобити тиҷории Эрон ва Тоҷикистон аст. Эрон потансиалҳои хубе дар ҳавзаи ширкатҳои донишбунён, хадамоти муҳандисӣ, тавлиди саноеъи ғизоӣ, нафту петрошимӣ, тавлиди масолеҳи сохтимонӣ, гардишгарӣ ва фанноварӣ иттилоот дорад ва дар ин замина омодаи таъмини ниёзҳои Тоҷикистон аст”, - гуфт Самад Ҳасанзода.Ҳасанзода бо таъкид бар боло будани кайфияти колоҳои тавлидии Эрон, изҳор кард, ки Эрон ба вижа дар ҳавзаи саноеъи ғизоӣ ба пешрафтҳои хубе расидааст.Вай гуфт, бояд байни масъулону вобастаҳои тиҷории ду кишвар таомули бештар бошад ва имкони ошноӣ бо ин потансиалҳо фароҳам шавад.
https://sputnik.tj/20241119/dushanbe-khostor-kohishi-tarufai-reyli-eron-tojikiston-1065163163.html
https://sputnik.tj/20241112/tojikiston-eron-vagon-mekharad-1065081956.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/14/1065201363_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_55d7d9869101dd856001801fc31e20f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули коло, додугирифт, сафир
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули коло, додугирифт, сафир
Тоҷикистону Эрон ният доранд додугирифтро ба як миллиард доллар расонанд
18:06 20.11.2024 (Навсозишуда: 19:39 20.11.2024) Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Теҳрон тиҷорати 9 моҳаи Эрону Тоҷикистон марзи 300 миллин долларро убур кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Низомиддн Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо раиси утоқи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода бо эъломи убури тиҷорати ду кишвар аз марзи 300 миллион доллар дар 9 моҳи ахир, гуфт, ки Тоҷикистон солона ба як миллион тонна нафт ниёз дорад, ки Эрон метавонад онро таъмин кунанд.
Низомиддин Зоҳидӣ афзуд, ки агарчӣ арқоми тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон кучак аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои хебе доштаем ва ҳаҷми тиҷорат аз соли 99 то кунун наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст.
Оқои Зоҳиди дар ин дидор қайд кард, ки Тоҷикистон мехоҳад табодули коло бо Эронро ба як миллиард доллар расонад.
Вай бо таъкид бар аҳамияти ҷойгоҳи утоқи Эрон барои эҷоди равобити пойдори тиҷории байни ду кишвар, гуфт: муштаракоти забонӣ ва суннатҳои фарҳангь миёни ду кишвар бояд бистаре барои тавсеаи ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон бошад.
Зоҳидӣ бо даъват аз раиси утоқи Эрон барои сафар ба Тоҷикистон дар раъси ҳайатии тиҷорӣ, идома дод: сафорати Тоҷикистон дар Эрон талош мекунад иттилооти марбут ба намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷории Тоҷикистонро итилоърасонӣ карда ва шароити ҳузури туҷҷори эронӣ дар ин намоишгоҳҳоро фароҳам кунад.
Вай изҳор дошт, ки ҳамон тавре ки Тоҷикистон бо Узбекистони тавофуқи тиҷорат тарҷеҳӣ дорад, бояд байни Эрону Тоҷикистон низ тафоҳумномаи тиҷорати тарҷеҳӣ имзо шавад.
Зоҳидӣ бо таъкид бар ин ки бояд лағви раводиди миёни Эрону Тоҷикистон ба таври комил иҷро шавад, гуфт лағви раводид фақат шомили парвози Теҳрон – Душанбе аст ва ба унвони мисол парвози Машҳад - Душанбе ё дигари шаҳрҳоро шомил намешавад.
Сафири Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ин дар ҳолеаст ки мо ба зудӣ парвози Широз - Душанберо низ роҳандозӣ хоҳем кард ва лағви комили раводид ба беҳбуди гардишгарӣ ва равнақи тиҷорати миёни ду кишвар кумак хоҳад кард.
Раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон Самад Ҳасанзода низ дар ин дидор гуфт ки ҳаҷми тиҷорат миёни Эрону Тоҷикистон бо зарфиятҳои ду кишвари фосила зиёде дорад ва утоқҳои бозаргонии ду кишвар вазифадоранд фаъолони иқтисодии худро ҳарчи бештар дар ҷараёни ин зарфиятҳо ва фурсатҳои ҳамкории муштарак қарор диҳанд.
“Ин зарфияти хубе барои тавсеаи равобити тиҷории Эрон ва Тоҷикистон аст. Эрон потансиалҳои хубе дар ҳавзаи ширкатҳои донишбунён, хадамоти муҳандисӣ, тавлиди саноеъи ғизоӣ, нафту петрошимӣ, тавлиди масолеҳи сохтимонӣ, гардишгарӣ ва фанноварӣ иттилоот дорад ва дар ин замина омодаи таъмини ниёзҳои Тоҷикистон аст”, - гуфт Самад Ҳасанзода.
Ҳасанзода бо таъкид бар боло будани кайфияти колоҳои тавлидии Эрон, изҳор кард, ки Эрон ба вижа дар ҳавзаи саноеъи ғизоӣ ба пешрафтҳои хубе расидааст.
Вай гуфт, бояд байни масъулону вобастаҳои тиҷории ду кишвар таомули бештар бошад ва имкони ошноӣ бо ин потансиалҳо фароҳам шавад.