Эрон ният дорад дар Хатлон корхонаи меваю афшура, хушконидани он бунёд намояд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСортировка яблок на линии по производству яблочного пюре. архивное фото
Сортировка яблок на линии по производству яблочного пюре. архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2024
Обуна шудан
Тоҷирони Эрон дар гуфтугӯ бо мақомоти Хатлон гуфтанд, ки ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ дар вилоятӣи Хатлон манфиатдор ҳастанд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вохурӣ бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Эрон онҳоро ба бунёди корхонаҳои хурду бузург даъват кард.
Вай дар бо тоҷирони эронӣ рушди соҳаи саноат, густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои хурду бузургро баррасӣ кард.
Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи ҳолдинги “Алмос-Неру”-и Эрон, дар ин дидор зикр намуд, ки мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон бунёди корхонаи меваю афшура, хушконидани он, ки дар марҳилаи аввал 7 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад, мебошад.
“Мо вобаста ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ манфиатдорем ва иқлими Тоҷикистон баҳри зиёд намудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот заминаҳои бунёди корхонаҳои азими истеҳсолиро ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем чунин корхонаро дар вилояти Хатлон бунёд созем ва беш аз 500 нафар бонувони маҳаллиро ба кор фаро гирем”, - афзуд Маҳдӣ Асадуллоҳпур.
Раиси вилоят пешниҳоди тоҷирони эрониро дастгирӣ намуда, гуфт, ки майдони боғот дар вилоят зиёд аст ва ҳамасола ниёз ба истеҳсолоту коркарди пурраи он пайдо мегардад.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Душанбе хостори коҳиши таруфаи рейлӣ ҳамли бор ба вижа нафт аз Эрон ба Тоҷикистон шуд
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамзамон, барои ҳамкориҳо дар соҳаи дандонпизишкӣ, металлургияи ранга, кишоварзӣ табодули назар намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровон ва зарфиятҳои мукаммал ҳамкориҳо ва равобити иқтисодию бозаргонии ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон беш аз пеш тақвият хоҳанд ёфт.
Кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбарандаи вилояти Хатлон маҳсуб меёбад ва ҳамасола молу маҳсулоти тоза, аз ҷумла пахта, меваҷот, полезӣ, ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.
Вилояти Хатлон маҳсулоти кишоварзиашро дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот менамояд.
Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар буда, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳимми Тоҷикистон ва минтақа нақш доранд.
Дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расидааст, ки нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Лентаи хабарҳо
0