https://sputnik.tj/20241119/tolibon-mekhohem-bo-tojikiston-ravobiti-nek-doshta-boshem-1065172515.html
Толибон*: Мехоҳем бо Тоҷикистон равобити нек дошта бошем
Толибон*: Мехоҳем бо Тоҷикистон равобити нек дошта бошем
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя Афғонистон аст, ки дар муқоиса бо ҳамсояҳои дигар, равобити чандон наздик то акнун бо Аморат исломӣ надоштааст
2024-11-19T14:29+0500
2024-11-19T14:29+0500
2024-11-19T14:29+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ҳамкорӣ
равобит
толибон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064592931_0:0:3121:1756_1920x0_80_0_0_a073244ecf9ae5ca25f2565b2678dc64.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳамидулло Фитрат, муовини сухангӯии ҳукумати Толибон* мегуяд, ки Аморати исломӣ хостори эҷоди равобити нек бо Тоҷикистон аст ва рафту омадҳое низ дар рӯзҳои пешин миёни ду тараф анҷом шудааст, иттилоъ додааст "ToloNews".Оқои Фитрат афзуд, ки бо тавваҷуҳ ба рафту омадҳои ахир, умедворӣ барои эҷоди пешрафт дар равобит бо Душанбе вуҷуд дорад.Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя Афғонистон аст, ки дар муқоиса бо ҳамсояҳои дигар, равобити чандон наздик то акнун бо ҳукумати Толибон* надоштааст.Бархе аз коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ки барои беҳбуди равобит миёни ҳукумати сарпараст ва кишварҳои ҳамсоя, ниёз аст диду боздидҳои бештаре миёни мақомҳо анҷом шавад.Коршиноси афғон Сидмуқими Аминӣ дар суҳбат бо ToloNews гуфт, ки Тоҷикистон дар ду даҳаи гузашта нақши меҳвариро дар минтақа дошт, эҷоб мекунад, ки Аморати исломӣ бо дар назардошти шароит, равобити хуб бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ба вижаи Тоҷикистон эҷод кунад.Коршиноси дигар таъкид кардааст, ки ҳар қадар ки мулоқотҳо бо раҳбарии кишвари Тоҷикистон сурат гирад ва рафту омадҳо зиёд шавад, ба нафъ ҳар ду ҷониб хоҳад буд.Мавлави Абдулкабир муовини сиёсии Аморати исломӣ низ пеш аз ин гуфта буд, ки равобити миёни Кобул ва Душанбе дар ҳол беҳбудаст.Дар ҳамин ҳол мақомоти Толибон* то кунун равшан накардаанд, ки диду боздидҳо миёни мақомҳои ду кишвар дар чӣ сатҳ буда ва чӣ касоне аз ду кишвар бо ҳам дидор кардаанд.*-гурӯҳ бараи амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240719/korkhonai-azot-tojikiston-afghoniston-nurihoi-minerali-sodirot-1063585704.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064592931_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_0cac47c81341b91e98a01d9931c54ec0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, толибон, равобит, нек, ҳамкорӣ, ҳамсоя, аморати исломӣ
тоҷикистон, афғонистон, толибон, равобит, нек, ҳамкорӣ, ҳамсоя, аморати исломӣ
Толибон*: Мехоҳем бо Тоҷикистон равобити нек дошта бошем
Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя Афғонистон аст, ки дар муқоиса бо ҳамсояҳои дигар, равобити чандон наздик то акнун бо Аморат исломӣ надоштааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳамидулло Фитрат, муовини сухангӯии ҳукумати Толибон* мегуяд, ки Аморати исломӣ хостори эҷоди равобити нек бо Тоҷикистон аст ва рафту омадҳое низ дар рӯзҳои пешин миёни ду тараф анҷом шудааст, иттилоъ додааст "ToloNews".
Оқои Фитрат афзуд, ки бо тавваҷуҳ ба рафту омадҳои ахир, умедворӣ барои эҷоди пешрафт дар равобит бо Душанбе вуҷуд дорад.
“Аморати исломӣ бо ҳамаи кишварҳо ба шумули Тоҷикистон равобит хуб мехоҳад. Аз ин ки Тоҷикистон кишвари ҳамсоя ва мусулмон аст, мехоҳем равобит хуб дошта бошем. Ҳайати ду тараф дар ин авохир рафту омад доштаанд ва умед дорем пешрафтҳое дар ин замина дар оянда сурат гирад”, - афзуд муовини сухангӯи ҳукумати толибон.
Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя Афғонистон аст, ки дар муқоиса бо ҳамсояҳои дигар, равобити чандон наздик то акнун бо ҳукумати Толибон* надоштааст.
Бархе аз коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ки барои беҳбуди равобит миёни ҳукумати сарпараст ва кишварҳои ҳамсоя, ниёз аст диду боздидҳои бештаре миёни мақомҳо анҷом шавад.
Коршиноси афғон Сидмуқими Аминӣ дар суҳбат бо ToloNews гуфт, ки Тоҷикистон дар ду даҳаи гузашта нақши меҳвариро дар минтақа дошт, эҷоб мекунад, ки Аморати исломӣ бо дар назардошти шароит, равобити хуб бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ба вижаи Тоҷикистон эҷод кунад.
Коршиноси дигар таъкид кардааст, ки ҳар қадар ки мулоқотҳо бо раҳбарии кишвари Тоҷикистон сурат гирад ва рафту омадҳо зиёд шавад, ба нафъ ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Мавлави Абдулкабир муовини сиёсии Аморати исломӣ низ пеш аз ин гуфта буд, ки равобити миёни Кобул ва Душанбе дар ҳол беҳбудаст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Толибон* то кунун равшан накардаанд, ки диду боздидҳо миёни мақомҳои ду кишвар дар чӣ сатҳ буда ва чӣ касоне аз ду кишвар бо ҳам дидор кардаанд.
*-гурӯҳ бараи амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.