https://sputnik.tj/20241118/tibbu-iqtisod-sohahoi-sertalabi-dovtalaboni-tojik--rusiya-1065152134.html
Тиббу иқтисод: Соҳаҳои серталаби довталабони тоҷик дар Русия
Тиббу иқтисод: Соҳаҳои серталаби довталабони тоҷик дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Довталабони тоҷик дар Русия бештар ба соҳаҳои иқтисод, тибб, ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмон ва муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ доранд
2024-11-18T13:29+0500
2024-11-18T13:29+0500
2024-11-18T14:48+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
русия
тиббӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065157002_0:0:2944:1656_1920x0_80_0_0_09703ecfe65e32843e912a7780918539.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Довталабон аз Тоҷикистон бештар ихтисосҳои тибб ва иқтисодиро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия, интихоб мекунанд,Дар ин бора раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев ба радиои Love Radio Tj хабар додааст.Ба гуфтаи вай, довталабони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ҳамчунин ба соҳаҳои ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмон ва равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳ доранд"Мо метавонем бигӯем, ки солҳои зиёд илмҳои тиб дар садри ихтисосҳои маъмултарин қарор доранд, яъне дар Тоҷикистон тиб, стоматология ва монанди инҳо маъмултаринанд – инҳо соҳаҳое мебошанд, ки шумораи зиёд алоқаманд дорад. Баъдан довталабон ба соҳаҳои иқтисод – менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносӣ, сохтмон, меъморӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, забоншиносӣ, филология таваҷҷуҳ доранд”, - гуфт Патрушев.Ба гуфтаи ӯ, маҳбубияти ихтисосҳои муҳандисӣ низ дар миёни довталабони тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд маҳбубият дорад.Ба гуфтаи номбурда алоқамандии довталабон бештар ба риштаи технологияи иттилоотӣ тадриҷан афзоиш меёбад.“Даҳҳо довталабон ба ихтисосҳои эҷодӣ ба таҳсил мераванд”,- гуфт ӯ."Ҳар қадаре ки ман дар Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ сӯҳбат мекунам, ҳама дар бораи зарурати ихтисосҳои муҳандисӣ сӯҳбат мекунанд: дар соҳаи сохтмон, энергетика, экология ва ғайраҳо мутахассис хеле кам аст, ки кишвар воқеан ба чунин мутахассисон эҳтиёҷ дорад", - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки ҳоло Русия барои Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар 1 ҳазор квота ҷудо шудааст. Дар маҷмӯъ беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд. Дар худи ҷумҳурӣ низ Донишгоҳи русию точики (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳҳои давлатии Маскав мавчуданд. Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии "МИССИС" ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии "МЭИ".
https://sputnik.tj/20241011/rusiya-donishju-aspiranti-tojik-tahsil-1064676328.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065157002_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_cb7321564d77ef5f3ad7a815a16179c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, донишҷӯ, довталаб, соҳаи тибб, иқтисод, русия, таҳсил, интихоб
тоҷикистон, донишҷӯ, довталаб, соҳаи тибб, иқтисод, русия, таҳсил, интихоб
Тиббу иқтисод: Соҳаҳои серталаби довталабони тоҷик дар Русия
13:29 18.11.2024 (Навсозишуда: 14:48 18.11.2024) Довталабони тоҷик дар Русия бештар ба соҳаҳои иқтисод, тибб, ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмон ва муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ доранд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Довталабон аз Тоҷикистон бештар ихтисосҳои тибб ва иқтисодиро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия, интихоб мекунанд,
Дар ин бора раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев ба радиои Love Radio Tj хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, довталабони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ҳамчунин ба соҳаҳои ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмон ва равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳ доранд
"Мо метавонем бигӯем, ки солҳои зиёд илмҳои тиб дар садри ихтисосҳои маъмултарин қарор доранд, яъне дар Тоҷикистон тиб, стоматология ва монанди инҳо маъмултаринанд – инҳо соҳаҳое мебошанд, ки шумораи зиёд алоқаманд дорад. Баъдан довталабон ба соҳаҳои иқтисод – менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносӣ, сохтмон, меъморӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, забоншиносӣ, филология таваҷҷуҳ доранд”, - гуфт Патрушев.
Ба гуфтаи ӯ, маҳбубияти ихтисосҳои муҳандисӣ низ дар миёни довталабони тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд маҳбубият дорад.
Ба гуфтаи номбурда алоқамандии довталабон бештар ба риштаи технологияи иттилоотӣ тадриҷан афзоиш меёбад.
“Даҳҳо довталабон ба ихтисосҳои эҷодӣ ба таҳсил мераванд”,- гуфт ӯ.
"Ҳар қадаре ки ман дар Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ сӯҳбат мекунам, ҳама дар бораи зарурати ихтисосҳои муҳандисӣ сӯҳбат мекунанд: дар соҳаи сохтмон, энергетика, экология ва ғайраҳо мутахассис хеле кам аст, ки кишвар воқеан ба чунин мутахассисон эҳтиёҷ дорад", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло Русия барои Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар 1 ҳазор квота ҷудо шудааст. Дар маҷмӯъ беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд. Дар худи ҷумҳурӣ низ Донишгоҳи русию точики (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳҳои давлатии Маскав мавчуданд. Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии "МИССИС" ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии "МЭИ".