Аз Хуҷанд то Бӯстон: Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба Суғд ба куҷо меравад?

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд. Иллюстративное фото
Город Худжанд. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2024
Обуна шудан
Мақомоти БДА дар бораи маҳдудшавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе шоҳроҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳии Суғд хабар дода, хостори истифодаи роҳҳои шафатӣ шудаанд
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.
Ин дуввумин сафари кишвардор тайи якуним моҳи ахир ба вилоят аст. Қарор аст президент сатҳи омодагиҳо ба фасли зимистонро бисанҷад ва корхонаву биноҳои навсохтро ба истифода диҳад.
Дар робита ба ин мақомоти БДА-и вилоят аз роҳбандии бархе аз роҳҳо эълон кардааст.
© SputnikРоҳбандӣ дар Хуҷанд
Роҳбандӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2024
Роҳбандӣ дар Хуҷанд
Ба иттилои БДА санаи 19-уми ноябр роҳбандӣ дар роҳи роҳҳои Гулистон-Додобой, Холматов-Хуҷанд, кӯчаҳои Сирдарё, 60-солаги октябр, 25-солагии истиқлолият то маҳаллаии сеюми шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, роҳи мошингузари Хуҷанд-Ғафуров, кӯчахои марказии шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон сурат мегирад.
Мақомоти БДА аз шаҳрвандон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар вақти маҳдуд шавии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳои зикргардида ҳаракати худро аз тариқи роҳҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0