https://sputnik.tj/20241118/iiao-bozor-mushtaraki-agrari-tashkil-meshavad-1065157511.html
Дар ИИАО бозори муштараки аграрӣ ташкил мешавад
Дар ИИАО бозори муштараки аграрӣ ташкил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ИИАО такмили низоми комплексҳои агросаноатӣ, ки ба таъмини рушди устувори бозори дохилии молҳои асосии кишоварзӣ ва озуқа равона шудаанд, баррасӣ карданд
2024-11-18T17:03+0500
2024-11-18T17:03+0500
2024-11-18T17:03+0500
ииао
авруосиё
кишоварзӣ
русия
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160682_0:242:2732:1779_1920x0_80_0_0_040ae6c8f62c9c54cb4ae0b6090eb84a.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар ИИАО бозори муштараки аграрӣ бо назардошти манофеи миллии аъзо ташкил мешавад.Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои ИИАО дар масоили саноати аграрӣ баррасӣ шавад.Инчунин созиш шуд, ки корҳо барои мувофиқа кардани лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби эътирофи маҳсулоти органикӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро суръат бахшанд.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Ереван ҷаласаи панҷуми Шӯрои сиёсати кишоварзии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои узви ин иттиҳодия ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ширкат доштанд.Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои рушди устувори маҷмааи агросаноатӣ, самтҳои ояндадори дастгирии давлатии кишоварзӣ дар доираи ИИАО, такмили низоми пешгӯии комплексҳои агросаноатии кишварҳои узви иттиҳод ва дигар самтҳои дахлдори кори муштаракро баррасӣ карданд.Ба гуфтаи вазири кишоварзии Русия, вазъияти мураккаби байналмилалӣ ноил шудан ба худтаъминкуниро дар бахшҳои муҳими кишоварзӣ тақозо мекунад.Вай афзуд, ки Русия дар ҳоли ҳозир технологияҳои рақамиро дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ фаъолона ҷорӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20241117/safar-sayyohon-hudud-iiao-osontar-1065146865.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160682_1:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_1d54feaf009e92bc2d45e241120beb96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, бозори муштарак, аграрӣ, кишоварзӣ, авруосиё, аграрӣ
ииао, бозори муштарак, аграрӣ, кишоварзӣ, авруосиё, аграрӣ
Дар ИИАО бозори муштараки аграрӣ ташкил мешавад
Дар ИИАО такмили низоми комплексҳои агросаноатӣ, ки ба таъмини рушди устувори бозори дохилии молҳои асосии кишоварзӣ ва озуқа равона шудаанд, баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар ИИАО бозори муштараки аграрӣ бо назардошти манофеи миллии аъзо ташкил мешавад.
Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои ИИАО дар масоили саноати аграрӣ баррасӣ шавад.
Инчунин созиш шуд, ки корҳо барои мувофиқа кардани лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби эътирофи маҳсулоти органикӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро суръат бахшанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Ереван ҷаласаи панҷуми Шӯрои сиёсати кишоварзии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои узви ин иттиҳодия ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ширкат доштанд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои рушди устувори маҷмааи агросаноатӣ, самтҳои ояндадори дастгирии давлатии кишоварзӣ дар доираи ИИАО, такмили низоми пешгӯии комплексҳои агросаноатии кишварҳои узви иттиҳод ва дигар самтҳои дахлдори кори муштаракро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи вазири кишоварзии Русия, вазъияти мураккаби байналмилалӣ ноил шудан ба худтаъминкуниро дар бахшҳои муҳими кишоварзӣ тақозо мекунад.
Вай афзуд, ки Русия дар ҳоли ҳозир технологияҳои рақамиро дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ фаъолона ҷорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.