https://sputnik.tj/20241113/maqomot-tojikiston-nobino-zindagi-mekunad-1065107399.html
Дар Тоҷикистон чанд нафар нобино ба сар мебарад ва чӣ шароитҳо доранд?
Дар Тоҷикистон чанд нафар нобино ба сар мебарад ва чӣ шароитҳо доранд?
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар кишвар дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ доранд
2024-11-13T13:36+0500
2024-11-13T13:36+0500
2024-11-13T14:05+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
нобино
мақомот
маъюб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103044/69/1030446900_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_b23736b1f3f04ab76af13a28813c4e87.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ менамоянд.Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон суст шароит муҳайё гардидааст.Ба иттилои мақомоти кишвар ҳоло дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон 11 корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Ҷ.Расулов фаъолият доранд, ки дар он нафарони нобино ва қувваи босираашон суст бо кор таъмин мебошанд.Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 14 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва сустбин мавҷуд аст.Тавре мақомоти кишвар қайд кардааст, имрӯз ин нафарон ба таваҷҷуҳ ва дастгирии бештар ниёз доранд.Ёдовар мешавем, ки 13 ноябр Рӯзи байналмилалии нобиноён дониста мешавад. Ин санаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1984 бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба ашхоси нобиною қувваи босираашон суст ва ба хотири асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон Валентин Гаюи эълон намудааст.Ҳадафи асосии Рӯзи байналмилалии нобиноён ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба онҳое мебошад, ки биниши худро абадан аз даст дода, дар чунин вазъият қарор доранд.
https://sputnik.tj/20231030/rasman-tojikiston-maub-omor-1060226584.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103044/69/1030446900_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7e8447fcf89bf7d8cc06776eb1f4865c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нобино, маъюб, зиндагӣ, иҷтимоъ, мақомот
тоҷикистон, нобино, маъюб, зиндагӣ, иҷтимоъ, мақомот
Дар Тоҷикистон чанд нафар нобино ба сар мебарад ва чӣ шароитҳо доранд?
13:36 13.11.2024 (Навсозишуда: 14:05 13.11.2024) Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар кишвар дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ доранд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ менамоянд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон суст шароит муҳайё гардидааст.
Ба иттилои мақомоти кишвар ҳоло дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон 11 корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Ҷ.Расулов фаъолият доранд, ки дар он нафарони нобино ва қувваи босираашон суст бо кор таъмин мебошанд.
Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 14 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва сустбин мавҷуд аст.
Тавре мақомоти кишвар қайд кардааст, имрӯз ин нафарон ба таваҷҷуҳ ва дастгирии бештар ниёз доранд.
Ёдовар мешавем, ки 13 ноябр Рӯзи байналмилалии нобиноён дониста мешавад. Ин санаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1984 бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба ашхоси нобиною қувваи босираашон суст ва ба хотири асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон Валентин Гаюи эълон намудааст.
Ҳадафи асосии Рӯзи байналмилалии нобиноён ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба онҳое мебошад, ки биниши худро абадан аз даст дода, дар чунин вазъият қарор доранд.