https://sputnik.tj/20241112/sohibkoroni-chini-niyat-dorand-khujand-partov-barq-tavlid-1065089684.html
Соҳибкорони чинӣ ният доранд дар Хуҷанд аз партов барқ тавлид кунанд
Соҳибкорони чинӣ ният доранд дар Хуҷанд аз партов барқ тавлид кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинӣ, ки ки ба тавлиди барқ аз коркарди партов машғул аст, ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд
2024-11-12T14:06+0500
2024-11-12T14:06+0500
2024-11-12T14:06+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
барқ
партов
чин
соҳибкор
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065089401_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_3ec3ded0810c85379c9754cba9455482.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорони Чин, ки дар тавлиди "энергияи сабз" таҷрибаи калон доранд дидору мулоқот кард.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо гуруҳи соҳибкорон аз Чин бо роҳбарии Ху Сяоян ҳавасмандии вилоятро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармогузорон изҳор дошт.Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст ва вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ метавонад бо шарикони хориҷӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монад.Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони чинӣ ҳамкории хубу густурда дошта, айни замон лоиҳаҳои гуногунро дар вилоят амалӣ намуда истодаанд.ДАр ҳамин ҳол, Ху Сяоян иброз дошт, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавлиди "энергияи сабз" таҷрибаи калон доранд ва дар ин самт метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд.Ба таъкиди сармоягузорони чинӣ ширкати онҳо бо истифода аз фановариҳои замони муосир аз боду офтоб ва коркарди партовҳо нерӯи барқ истеҳсол менамояд ва ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.Қайд карда шудааст, ки пас аз мубодилаи афкор ҷонибҳо тарафҳо тавофуқ карданд, ки масъалаи истеҳсоли нерӯи барқ бо коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор гирад.Зикр гардидааст, ки соҳибкорони чинӣ бо вазъи мавҷуда шинос мегарданд ва дар оянда ҳамкорӣ ба роҳ хоҳанд монд.
https://sputnik.tj/20241016/tojikiston-chin-iqtidor-yak-kamarband-yak-roh-mushtarak-rushd-1064735729.html
суғд
хуҷанд
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065089401_46:0:1183:853_1920x0_80_0_0_da280212579fed3ab60de2aee8477aa8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, соҳибкорон, барқ, партов, тавлид, хуҷанд, суғд
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, соҳибкорон, барқ, партов, тавлид, хуҷанд, суғд
Соҳибкорони чинӣ ният доранд дар Хуҷанд аз партов барқ тавлид кунанд
Ширкати чинӣ, ки ки ба тавлиди барқ аз коркарди партов машғул аст, ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорони Чин, ки дар тавлиди "энергияи сабз" таҷрибаи калон доранд дидору мулоқот кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо гуруҳи соҳибкорон аз Чин бо роҳбарии Ху Сяоян ҳавасмандии вилоятро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармогузорон изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст ва вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ метавонад бо шарикони хориҷӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монад.
Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони чинӣ ҳамкории хубу густурда дошта, айни замон лоиҳаҳои гуногунро дар вилоят амалӣ намуда истодаанд.
ДАр ҳамин ҳол, Ху Сяоян иброз дошт, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавлиди "энергияи сабз" таҷрибаи калон доранд ва дар ин самт метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд.
Ба таъкиди сармоягузорони чинӣ ширкати онҳо бо истифода аз фановариҳои замони муосир аз боду офтоб ва коркарди партовҳо нерӯи барқ истеҳсол менамояд ва ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.
Қайд карда шудааст, ки пас аз мубодилаи афкор ҷонибҳо тарафҳо тавофуқ карданд, ки масъалаи истеҳсоли нерӯи барқ бо коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор гирад.
Зикр гардидааст, ки соҳибкорони чинӣ бо вазъи мавҷуда шинос мегарданд ва дар оянда ҳамкорӣ ба роҳ хоҳанд монд.