Русия 70% меваю сабзавотро аз кишварҳои ИИАО ва ИДМ ворид мекунад

© Sputnik / СтрингерПлодоовощная ярмарка в Ташкенте
Плодоовощная ярмарка в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2024
Обуна шудан
Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст, ки 70% воридоти сабзавот, мева ва буттамева ба Русия аз кишварҳои ИИАО ва ИДМ рост меояд
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Дар Русия тамоюли афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид (ИДМ).
Ҳамин тариқ, дар соли 2024 афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Арманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон идома ёфтааст.
“Аз кишварҳои ИДМ асосан сабзавоту меваҳои тару тоза, ангур, хушкмева ва маҳсулоти полезӣ воридот шудааст. Масалан, ҳоло қариб 80 дарсади содироти харбузаи туркманӣ ба Русия рост меояд”, - омадааст дар гузориш.
Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти федеролии гумруки Русия, ҳиссаи воридоти сабзавот, мева ва буттамева ба Русия аз кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвуОсиё (ИИАО)ва ИДМ 70%-ро ташкил додааст.
Участники ярмарки вакансий на международном форуме Карьера в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Дар ИИАО шумори бекорон кам шудааст
Аз рӯи маҳсулоти гушту қаннодӣ ин рақам ба 60% расид. Гуфта мешавад, ки 5 сол пеш ин рақамҳо аз 25-30% камтар буданд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0