Роҳандозии “Ҳафтаи риёзӣ, физика ва информатикаи русӣ” дар Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ ва “Россотрудничество" барои хонандагони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон марафони илмӣ роҳандозӣ карданд
Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ дар якҷоягӣ бо “Россотрудничество” аз 11 то 16 ноябр барои хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони Тоҷикистон “Ҳафтаи риёзӣ, физика ва информатикаи русӣ”-ро баргузор мекунад.
Чорабинӣ дар се шаҳр: Душанбе, Турсунзода ва Норак баргузор мешавад. Дар ин ҷо қариб 300 нафар донишомӯзон ва 150 нафар муаллимони фанҳои мактабҳое, ки ба забони русӣ таълим медиханд, ҷамъ меоняд.
Ҳадафи лоиҳа таҳкими фазои таълимӣ ва забоншиносии Русия дар хориҷи кишвар ва маъруфияти улуми Русия мебошад.
Ба донишҷӯёни тоҷик гуфта шуд, ки чӣ гуна дар фазои расонаӣ бо фейкҳо мубориза бурд
Дар доираи лоиҳа созмондиҳандагон ҳамчунин талош доранд, мактаббачагони боистеъдодро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар барномаҳои бакалаврӣ ҷалб намоянд.
Мутахассисони рус аз фанҳои математика, физика ва информатика дарсҳои шавқовар мегузаронанд. Барнома мавзуъхои гуногунро дарбар мегирад.
Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллии Русия дар Душанбе
Дар барномаи Ҳафтаи русии риёзиёт, физика ва информатика дастикам ҳашт мутахассиси рус ширкат хоҳанд кард, ки ба мактаббачагон ва омӯзгорон дар шиносои ба олами илмҳои дақиқ кумак хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0