https://sputnik.tj/20241109/tojikiston-muomilot-mol-choryak-barobar-ziyod-1065057162.html
Тоҷикистон муомилоти молро чоряк баробар зиёд кардааст
Тоҷикистон муомилоти молро чоряк баробар зиёд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали сол Тоҷикистон бо 113 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ барқарор карда, гардиши мол аз 6,4 млрд долларро убур кардааст
2024-11-09T21:21+0500
2024-11-09T21:21+0500
2024-11-10T22:08+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
савдо
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тоҷикистон муомилоти молро чоряк баробар зиёд кардааст.Дар ин бора маълумотҳои Оҷонсии омори кишвар шаҳодат медиҳанд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз аввали сол инҷониб гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ беш аз 6,4 млрд долларро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса бо давраи ҳисоботии соли 2023 25,6% зиёдтар будааст.Гуфта мешавад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 113 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла даҳ кишвари ИДМ равобити тиҷоратии хориҷӣ барқарор кардааст.Тавре аз Агентии омор маълум кард, соли равон аз ҷумҳурӣ ба маблағи 1,4 млрд доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2023 қариб 45%зиёд мебошад.Дар ҳамин ҳол, воридоти Тоҷикистон беш аз 5 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 21,1% бештар аст.
https://sputnik.tj/20240926/khatlon-mahsulot-pokiston-afghoniston-qazoqiston-rusiya-sodirot-1064485019.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон муомилот молр зиёд
тоҷикистон муомилот молр зиёд
Тоҷикистон муомилоти молро чоряк баробар зиёд кардааст
21:21 09.11.2024 (Навсозишуда: 22:08 10.11.2024) Аз аввали сол Тоҷикистон бо 113 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ барқарор карда, гардиши мол аз 6,4 млрд долларро убур кардааст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тоҷикистон муомилоти молро чоряк баробар зиёд кардааст.
Дар ин бора маълумотҳои Оҷонсии омори кишвар шаҳодат медиҳанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз аввали сол инҷониб гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ беш аз 6,4 млрд долларро ташкил додааст.
Ин рақам дар муқоиса бо давраи ҳисоботии соли 2023 25,6% зиёдтар будааст.
Гуфта мешавад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 113 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла даҳ кишвари ИДМ равобити тиҷоратии хориҷӣ барқарор кардааст.
Тавре аз Агентии омор маълум кард, соли равон аз ҷумҳурӣ ба маблағи 1,4 млрд доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2023 қариб 45%зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, воридоти Тоҷикистон беш аз 5 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 21,1% бештар аст.