Русия ва Тоҷикистон барои фатҳи кайҳон якҷоя омода мешаванд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкОптико-волоконный комплекс "Окно", архивное фото
Оптико-волоконный комплекс Окно, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Обуна шудан
Дар созишнома принсипҳо ва меъёрҳои мухталифе пешбинӣ шудааст, ки барои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон заруранд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ҳукумати Русия созишнома бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар заминаи пажӯҳиш ва истифодаи фазои кайҳон ба ҳадафҳои осоиштаро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.
Ҳуҷҷати дахлдор дар пойгоҳи электронии маълумот мавҷуд аст.
"Созишнома байни ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба мақсадҳои осоишта, ки 19 июни соли 2023 дар Маскав ба имзо расида буд, ба тасвиб расонида шавад", - гуфта мешавад дар он.
Мувофиқи баённома, дар хуҷҷат қонуну қоидаҳои гуногуне пешбинӣ шудааст, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаи кайҳон заруранд.
Аз ҷумла, сухан дар бораи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, масъалаҳои табодули иттилоот, шаҳодатномаҳо, ҷуброни зарар ва таъмини ҳифзи моликияти тарафҳо меравад.
Кайҳоннаварди рус Пётр Дубров барои нахустин бор ба Тоҷикистон омад. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2024
Тоҷикистон қалби кайҳоннаварди рус Пётр Дубровро об кард – видео
"Самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Русия барои ҳалли мушкилоти кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии иншоот ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон мебошад", - омадааст дар санад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми июни соли 2023 миёни Русия ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи таҳқиқот ва истифодаи фазои осоишта ба имзо расид.
Масъулияти иҷрои созишномаҳо ба зиммаи Роскосмос ва Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ гузошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0