Норозигии Раҳмон аз қарзи зиёди андоз дар Хатлон ва дастураш барои ислоҳи вазъ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на встрече с руководителями Хатлонской облати
Эмомали Рахмон на встрече с руководителями Хатлонской облати - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарони вилояти Хатлон мулоқот кард ва хостори ҳалли мушкили қарзи андоз шуд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Сатҳи қарзи андоз дар вилояти Хатлон ҳамоно баланд боқӣ мемонад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни як сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мулоқот бо раҳбарону фаъолони вилоят ба ин нукта таваҷҷӯҳ кард.
"Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ он 171 миллион сомониро ташкил медиҳад", - шарҳ дод хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар робита ба ин, Раҳмон тақозо кардааст, ки барои сари вақт ва пурра ситонидани андозҳо, коҳиш додани қарзҳо ва пешгирӣ аз афзоиши он чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2024
Ба буҷа зарар мерасонанд: Нигаронии мақомоти андоз аз фаъолияти ширкатҳои якрӯза
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла ба раҳбарони вилояти Хатлон дастур дод, ки бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҳамкорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш аз Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Дар доираи сафар ӯ чанд муассисаи давлатиро ифтитоҳ намуда, ҳамчунин аз рафти омодагиҳои вилоят ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон огаҳ шуд.
Лентаи хабарҳо
0