https://sputnik.tj/20241108/vkd-sokinoni-dushanbe-talab-parvarishi-hayvonot-khotima-1065047498.html
ВКД аз сокинони Душанбе талаб кард, ки ба парвариши ҳайвонот хотима диҳанд
ВКД аз сокинони Душанбе талаб кард, ки ба парвариши ҳайвонот хотима диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки қавонинро риоя намоянд ва ба нигоҳдории чорво дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд
2024-11-08T16:59+0500
2024-11-08T16:59+0500
2024-11-08T16:59+0500
дар тоҷикистон
парвариш
ҳайвонот
вкд
душанбе
талаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102828/48/1028284854_0:0:3036:1708_1920x0_80_0_0_7a036132955653433fbf8ff0ee102a7c.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи расмии худ қайд кардааст, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расид.Раёсати ВКД пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст, ки баъзе аз шаҳрвандон то ҳол дар манзили истиқоматии худ чорвои гуногун парвариш мекунанд.“Аз ҷумла, давоми чанд рӯзи баргузории санҷиш, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт беш аз 200-ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот муайян карда шуда, нисбати шаҳрвандон бо моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд”, - қайд кардааст ВКД.Вобаста ба ин Раёсати ВКД-и пойтахт аз шаҳрвандон талаб кардаааст, ки ҳар чи зудтар камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба парвариши ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт роҳ надиҳанд, зеро баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ба роҳ монда мешавад.Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ аз 720 то 3 600 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 7 200 то 28 800 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.
https://sputnik.tj/20241027/vkd-tojikiston-ruykhat-afrod-ghayriqonun-rusiya-daryoft-1064874218.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102828/48/1028284854_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_aff32af26ddb899656426669bdcdc338.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, пойтахт, чорво, парвариш, вкд, талаб, хотима,
тоҷикистон, душанбе, пойтахт, чорво, парвариш, вкд, талаб, хотима,
ВКД аз сокинони Душанбе талаб кард, ки ба парвариши ҳайвонот хотима диҳанд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон талаб кардааст, ки қавонинро риоя намоянд ва ба нигоҳдории чорво дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи расмии худ қайд кардааст, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расид.
Раёсати ВКД пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст, ки баъзе аз шаҳрвандон то ҳол дар манзили истиқоматии худ чорвои гуногун парвариш мекунанд.
“Аз ҷумла, давоми чанд рӯзи баргузории санҷиш, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт беш аз 200-ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот муайян карда шуда, нисбати шаҳрвандон бо моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд”, - қайд кардааст ВКД.
Вобаста ба ин Раёсати ВКД-и пойтахт аз шаҳрвандон талаб кардаааст, ки ҳар чи зудтар камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба парвариши ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт роҳ надиҳанд, зеро баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ аз 720 то 3 600 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 7 200 то 28 800 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.