https://sputnik.tj/20241108/tavarrum-dar-iiao-mutadil-shud-1065047715.html
Таваррум дар ИИАО муътадил шуд
Таваррум дар ИИАО муътадил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо андешидани чораҳо дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муътадилшавии сатҳи таваррум ва афзоиши устувории нархҳо ба қайд гирифта шуд
2024-11-08T19:21+0500
2024-11-08T19:21+0500
2024-11-08T19:21+0500
ииао
авруосиё
нарх
муътадил
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_0:276:3151:2048_1920x0_80_0_0_241633ef68863c06fa4eb8894b006b9e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Намояндагони мақомоти ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар семинаре, ки дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд, чораҳои нигоҳдории устувории нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Дар шароити болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва таҷдиди занҷирҳои таъминоти логистикӣ давлатҳои “панҷгона”-и АвруОсиё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии таваррум чораҳо андешиданд.Барои ба эътидол овардани нархҳои истеъмолӣ, Бонкҳои танзимгар меъёри бозӣамвилро дар солҳои охир дар сатҳи баланд нигоҳ доштанд.Дар аксари кишварҳои иттиҳод мақомоти ваколатдор барои муваккатан танзими нархҳо барои бархе молҳои муҳими иҷтимоӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе навъҳои мол, пур кардани бозори дохилӣ, назорати фоидаи тиҷоратӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва имтиёзҳои андозӣ, инчунин ҷубронпулӣ ба истехсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо андешиданд.Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳо дар кишварҳои ИИАО, мӯътадилшавии таваррум ва афзоиши устувории нархҳо мушоҳида шуд.Дар охири моҳи сентябр сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Арманистон – 0,6%, Беларус – 6%, Қазоқистон – 8,3%, Қирғизистон – 4,9% ва Русия – 8,6%-ро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20241107/shirini-arzon-meshavad-iiao-afzoishi-istehsoli-shakar-1065030288.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_297:0:3028:2048_1920x0_80_0_0_e57093adbe5ee412f73a5a7b593b0677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, таваррум, муътадил, устувор, нархҳо, нархҳо
ииао, авруосиё, таваррум, муътадил, устувор, нархҳо, нархҳо
Таваррум дар ИИАО муътадил шуд
Бо андешидани чораҳо дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муътадилшавии сатҳи таваррум ва афзоиши устувории нархҳо ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Намояндагони мақомоти ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар семинаре, ки дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд, чораҳои нигоҳдории устувории нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Дар шароити болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва таҷдиди занҷирҳои таъминоти логистикӣ давлатҳои “панҷгона”-и АвруОсиё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии таваррум чораҳо андешиданд.
Барои ба эътидол овардани нархҳои истеъмолӣ, Бонкҳои танзимгар меъёри бозӣамвилро дар солҳои охир дар сатҳи баланд нигоҳ доштанд.
Дар аксари кишварҳои иттиҳод мақомоти ваколатдор барои муваккатан танзими нархҳо барои бархе молҳои муҳими иҷтимоӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе навъҳои мол, пур кардани бозори дохилӣ, назорати фоидаи тиҷоратӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва имтиёзҳои андозӣ, инчунин ҷубронпулӣ ба истехсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо андешиданд.
Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳо дар кишварҳои ИИАО, мӯътадилшавии таваррум ва афзоиши устувории нархҳо мушоҳида шуд.
Дар охири моҳи сентябр сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Арманистон – 0,6%, Беларус – 6%, Қазоқистон – 8,3%, Қирғизистон – 4,9% ва Русия – 8,6%-ро ташкил дод.