Пуштибонии ИДМ аз пешниҳоди Раҳмон дар бораи эҷоди камарбанди амниятӣ атрофи Афғонистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения сил ОДКБ в Таджикистане
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Обуна шудан
Консепсияи камарбанди амниятӣ атрофи Афғонистон соли 2022 аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайринавбатии СПАД пешниҳод шуда буд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Кумитаи иҷроияи ИДМ аз ташаббуси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон пуштибонӣ кард.
Дар ин бора Сергей Лебедев, дабири кулли ИДМ дар нишасти роҳбарони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим дар Маскав изҳор дошт.
Консепсияи камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон дар моҳи январи соли 2022 аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайринавбатии СПАД пешниҳод шуда буд.
"Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳоди котиботи СПАД дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдори созмонҳо бо мақсади таҳияи нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи ташкили камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро комилан дастгирӣ кард", - гуфт ӯ.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон перед началом неформального саммита руководителей государств - участников Содружества Независимых Государств (СНГ) в Санкт-Петербурге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2024
Путин бо Раҳмон ва дигар роҳбарони ИДМ дар моҳи декабр дидору мулоқот хоҳад кард
Вай тавзеҳ дод, ки мутахассисон барои таҳияи роҳҳои рафъи вазъ дар ин минтақа ба фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ кор хоҳанд кард.
Қаблан дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД як гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон таъсис дода шуда буд, ки дар фаъолияти он намояндагони шӯъбаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, ИДМ, СҲШ, Сафорати Афғонистон ва кишварҳои сеюми манфиатдор ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0