Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Омори тозаи вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина дар вилояти Курск

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРазведчики батальона "Мантикора" группировки "Центр" в ДНР
Разведчики батальона Мантикора группировки Центр в ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Обуна шудан
Сар оғози набардҳо дар вилояти Курск артиши Украина талафоти бесобиқа дошта, теъдоди низомиёнаш, ки дар ин самт нобуд шуданд, ба беш аз 30 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Артиши Украина давоми як шабонарӯзи гузашта дар самти Курск беш аз 300 низомияшро талаф дод.
Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дода, гуфт, ки душман ҳамзамон дар баробари нерӯи зинда даҳҳо техникаро талаф дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 30500 сарбози худро аз даст доданд.
“Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар самти Курск душман аллакай беш аз 30 ҳазору 500 нафар низомиён, 189 танк, 121 худрави ҷангии пиёданизом, 107 нафарбари зиреҳпӯш, 1094 зиреҳпӯш, 829 автомашина, -ро талаф дод.
Илова бар ин Киев 262 тӯпхона, 40 адад мушакандози чандгона, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА ҳашт падофанд, 11 мошини борбардорӣ, 59 истгоҳи ҷанги электронӣ, 12 радари боздоранда, чаҳор радари дифоъи ҳавоӣ, 26 воҳиди муҳандисӣ, ки аз он 13 мошини муҳандисии тозакунии УР-77 ва як минатозакунро аз даст додааст.
“Амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - афзуд вазорати дифои Русия.
Украинские военнослужащие ведут огонь из гаубицы по российским позициям в Харьковской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бештар аз 30 ҳазор нафар: Талафоти артиши Украина дар Курск
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0