Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳайати эҷодии Sputnik Тоҷикистонро қадрдонӣ кард

© Sputnik Вручение почетных грамот Исполкома СНГ редактору Sputnik Таджикистан Мухаммаду Каримову
Вручение почетных грамот Исполкома СНГ редактору Sputnik Таджикистан Мухаммаду Каримову - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2024
Обуна шудан
Ҷоизаҳо барои саҳми бузург дар таъмини иттилоотии чорабиниҳо дар доираи Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо супурда шуданд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Маскав III-умин медифоруми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони “Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда” баргузор шуд.
Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ Кумитаи иҷроияи ИДМ ба кори ҳайати эҷодии Sputnik Тоҷикистон баҳо дод. Ба рӯзноманигорон шаҳодатнома ва сипосномаҳо супурда шуданд.
Ҷоизаҳо барои фаъолияти фаъол ва саҳми бузург дар таъмини иттилоотии чорабиниҳо дар доираи Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо супурда шуданд.
Медиафорум, ки дар маркази байналмилалии матбуоти "Россия сегодня" баргузор шуд, ба таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти ВАО дар кишварҳои ИДМ бахшида шуд.
Участники заседания Совета министров иностранных дел СМИД СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2024
Дар соли 2025 раёсат дар ИДМ ба уҳдаи Тоҷикистон вогузор мешавад
Мудири кулли гурӯҳи расонаҳои “Россия Сегодня” Дмитрий Киселев дар бораи нақши иттилоотии Русия дар ҷаҳони муосир суханронӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, бар хилофи бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, Иёлоти Муттаҳида, Русия манфиатҳои миллии худро ҳифз хоҳад кард. Ҳеҷ ҳеҷ касро маҷбур намекунад, тариқи додани грантҳо ва ихтисоси маблағҳо барномаи бегонаро роҳандозӣ намояд. Русия ба онҳо эҳтиром мегузорад.
Ҳамоиш аз ҷониби Гурӯҳи байналмилалии гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавӣ ташкил карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0