Алоқамандии давлати Кувайт ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқот бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ
Мулоқот бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Кувайт бо Вазири корҳои хориҷӣ муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва ВКД-и ин кишвар дидору мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ал-Кувайт дар мулоқот муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳои дигар маънӣ доданд.
Раисҷумҳури кишвар доираҳои молиявӣ ва сармоягузории Кувайтро барои иштирок дар татбиқи Лоиҳаҳо дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла саноати сабук, коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ даъват кард.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2024
Аз танзими қувваи корӣ то тиҷорату сайёҳӣ: Имзои 9 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Кувайт
Ҳар ду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуда, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа маънӣ доданд.
Зикр гардидааст, ки баргузории Конфронси байналмилалӣ — марҳилаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” иқдоми муҳим дар самти таъмини амну субот арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони мосир ҳамчунин тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайтро зарур шумурданд.
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ал-Кувайт бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Раисҷумҳури кишвар дар ин мулоқот таъкид кард, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.
Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Визит Рахмона в Кувейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2024
Раҳмон дар дидор бо амири Кувайт аз самтҳои ояндадори сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфт
Таъкид гардид, ки кишварҳо дар бораи аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.
Ҳарду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо дар бораи дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд доштанд.
Лентаи хабарҳо
0