Маълум шуд, ки муттаҳамон дар ҳамла ба Крокусро киҳо бо силоҳ таъмин карданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкТеракт в "Крокус Сити Холле"
Теракт в Крокус Сити Холле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи муфаттишон, муттаҳамони нав ба омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокус барои дарёфти силоҳ ва анҷоми ин кор кумак кардаанд
ДУШАНБЕ, 02 окт – Sputnik. Дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба бинои Крокус Сити Холл дар Маскав боз 4 чор муттаҳами нав муайян шуданд, хабар медиҳад рӯзномаи "Коммерсант".
Ба иттилои манбаъ, додгоҳ боз ду ду муттаҳами навро боздошт ва ду тани дигарро дар ҷустуҷӯ эълон кард.
Манбаъ меафзояд, ҳар чор муттаҳами ҷадид сокинони Ингушистон: Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев, Хаваж-Багаудин Алиев ва Батир Кулаев мебошанд.
Зикр гардид, ки Аушев ва Медов дар қаламрави Ингушистон боздошт шуда, баъдан ба Маскав бурда шуданд.
"Суд чораи пешгириро дар намуди ҳабс нисбати Аушев Д.М. ва Медов Х.А тамдид кард", - менависад ТАСС бо истинод ба суд.
Маълум гардид, ки якумӣ ба нигоҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии силоҳи оташфишон бо маслиҳати пешакӣ ва дуюмӣ ба фурӯш ва нигаҳдории ғайриқонунии маводи тарканда муттаҳам мешаванд.
Ба гуфтаи муфаттишон, онҳо ба омилони ҳамлаи террористӣ дар дарёфти силоҳ барои анҷоми ин кор кумак кардаанд.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод. Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Директор Федеральной службы безопасности РФ Александр Бортников на 55-м заседании Совета руководителей органов безопасности и специальных служб стран СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2024
Раиси ФСБ-и Русия гуфт тоҷиконро барои ҳамлаи террористӣ дар Крокус чигуна ҷалб намуданд
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд". Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
Лентаи хабарҳо
0