Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Коршинос: украиниҳо ба пирӯзӣ бар Русия бовар надоранд

© AP / Andriy AndriyenkoУкраинские военнослужащие 141-й бригады занимают позиции на передовой в Запорожской области, Украина, вторник, 18 июня 2024 года.
Украинские военнослужащие 141-й бригады занимают позиции на передовой в Запорожской области, Украина, вторник, 18 июня 2024 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2024
Обуна шудан
Сарбозони украинӣ, ки ба пирӯзии ин кишвар бар Русия бовар надоранд, теъдоди зиёди онҳо ба артиши Русия пайваст шудаанд
ДУШАНБЕ, 02 окт – Sputnik. Украиниҳо ба пирӯзӣ бар Русия бовар надоранд ва фаъолона ба тарафи он мегузаранд. Дар ин бора Лукас Лейрос, таҳлилгари Маркази тадқиқоти геостратегӣ изҳор дошт, менависад РИА Новости.
"Боварӣ надоштан ба пирӯзӣ на танҳо украинҳоро водор ба фирор мекунад, балки бисёриҳоро ташвиқ мекунад, ки ба ҷониби Русия бираванд - таслим шаванд, ба артиши Русия ҳамроҳ шаванд ва ба фронт баргарданд, то бо режиме, ки кишварро ба суи марг овардааст, мубориза баранд", - гуфт Лейрос дар як мақола барои портали infoBRICS.
Соли гузашта дар сафи артиши Русия баталони Богдан Хмелнитский - аввалин воҳиди иборат аз асирони собиқи украинӣ, ки ба Федератсияи Русия савганд ёд карданд, пайдо шуд.
Воҳиди мазкур дар ҳайати сохтори оперативӣ-тактикии "Каскад" ба хидмат ворид шуд. Ба гуфтаи Андрей Фокин, узви шӯрои созмони "Офисерони Русия", ихтиёриёни баталони Хмелнитский дар бахшҳои хатарноки фронт садоқати худро ба савганди рус нишон доданд.
Украинские военнослужащие едут на танке недалеко от российско-украинской границы в Сумской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2024
Наздик ба 29 ҳазор нафар: Афзоиши талафоти артиши Украина дар вилояти Курски Русия
Қаблан Анна Скороход, вакили Верховная Рада гуфта буд, ки шумори сарбозоне, ки артиши Украинаро дар майдони амалиёти вижа тарк карданд, аз 100 ҳазор нафар гузашт.
Дар ҳамин ҳол, қаблан вакил Руслан Горбенко хабар дод, ки бинобар худсарона тарк кардани қисмҳои низомӣ нисбати 80 ҳазор сарбоз парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфт.
Лентаи хабарҳо
0