https://sputnik.tj/20241101/rusiya-maqsad-tashkili-bozori-yagonai-enerzhi-iiao-1064944173.html
Русия мақсади ташкили бозори ягонаи энержиро дар қаламрави ИИАО эълон кард
Русия мақсади ташкили бозори ягонаи энержиро дар қаламрави ИИАО эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетикаи РУсия ахиран гуфт, ки ҳадафи асосии ташкили бозори ягонаи энержӣ ин қонеъ кардани ниёзҳои дохилии кишварҳои ИИАО мебошад
2024-11-01T15:49+0500
2024-11-01T15:49+0500
2024-11-01T15:49+0500
дар русия
русия
ииао
энержӣ
газ
нафт
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/50/1015225014_0:49:3072:1777_1920x0_80_0_0_0343639b37fc6e2eab15202eb5179202.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Вазири энергетикаи Русия Сергей Тсивилев бо вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Кожошев тадбирҳои минбаъдаи ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро дар қаламрави ИИАО-ро баррасӣ карданд.Багуфтаи оқои Сергей Тсивилев, мақсади асосии ташкили бозори умумии энергетикӣ қонеъ кардани ниёзҳои дохилии кишварҳои ИИАО мебошад.Ҳамзамон дар ин мулоқот вазирон тадбирҳои минбаъдаи ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро дар қаламрави ИИАО-ро баррасӣ намуданд.Тсивилев гуфт, ки кишварҳои узви ИИАО дар ҳоли ҳозир тарҳҳои шартномаҳои байналмилалиро баррасӣ доранд, ки заминаи ҳуқуқии рушди бозорҳои умумии энержиро ташкил медиҳанд.Дар санадҳо шароити оптималии ҳамкории аъзоёни иттиходия, ки дар асоси созишномахои байнихукуматии дутарафа сохта шудаанд, инъикос ёфтаанд."Раванди ташаккули бозорҳои умумии энергетикӣ марҳилаи муҳими рушди ҳамгироии авруОсиёӣ мебошад. Ҳадафи асосии ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтии Иттиҳоди мо ин конеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилии кишварҳои узв бо дарназардошти дараҷаи ҳамгироӣ ба ИИАО мебошад", — қайд кард вазири энергетикаи Русия.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20241031/qarzi-khorijii-iiao-nimsolai-avval-kohish-yoft-1064934325.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/50/1015225014_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_56e94a277621f51eacad3894a6357009.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, бозори ягонаи энержӣ, авруосиё
ииао, русия, бозори ягонаи энержӣ, авруосиё
Русия мақсади ташкили бозори ягонаи энержиро дар қаламрави ИИАО эълон кард
Вазири энергетикаи РУсия ахиран гуфт, ки ҳадафи асосии ташкили бозори ягонаи энержӣ ин қонеъ кардани ниёзҳои дохилии кишварҳои ИИАО мебошад
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Вазири энергетикаи Русия Сергей Тсивилев бо вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Кожошев тадбирҳои минбаъдаи ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро дар қаламрави ИИАО-ро баррасӣ карданд.
Багуфтаи оқои Сергей Тсивилев, мақсади асосии ташкили бозори умумии энергетикӣ қонеъ кардани ниёзҳои дохилии кишварҳои ИИАО мебошад.
Ҳамзамон дар ин мулоқот вазирон тадбирҳои минбаъдаи ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро дар қаламрави ИИАО-ро баррасӣ намуданд.
Тсивилев гуфт, ки кишварҳои узви ИИАО дар ҳоли ҳозир тарҳҳои шартномаҳои байналмилалиро баррасӣ доранд, ки заминаи ҳуқуқии рушди бозорҳои умумии энержиро ташкил медиҳанд.
Дар санадҳо шароити оптималии ҳамкории аъзоёни иттиходия, ки дар асоси созишномахои байнихукуматии дутарафа сохта шудаанд, инъикос ёфтаанд.
"Раванди ташаккули бозорҳои умумии энергетикӣ марҳилаи муҳими рушди ҳамгироии авруОсиёӣ мебошад. Ҳадафи асосии ташкили бозорҳои умумии газ, нафт ва маҳсулоти нафтии Иттиҳоди мо ин конеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилии кишварҳои узв бо дарназардошти дараҷаи ҳамгироӣ ба ИИАО мебошад", — қайд кард вазири энергетикаи Русия.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.