https://sputnik.tj/20241101/pahlavoni-toyik-chempionati-jahon-sohibi-medali-birinji-1064943114.html
Паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ шуд
Паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони тоҷик пас аз 17 сол барои Тоҷикистон медали биринҷии Чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд
2024-11-01T13:11+0500
2024-11-01T13:11+0500
2024-11-01T17:54+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
медал
чемпионати ҷаҳон
биринҷӣ
гуштин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064943592_0:0:1081:608_1920x0_80_0_0_fd9b7bd539b083cd5f634cf746b53de3.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Аз 29 то 31 октябр дар шаҳри Тиранаи Албания Чемпионати ҷаҳон дар вазнҳои ғайриолимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид, ки дар он паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев бо маҳорати воло рақибонашро мағлуб карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 70 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11 бар 0 намояндаи Муғулистон – Энхтуяро шикаст дода, дар даври дуюм бо ҳисоби 12 бар 2 Рамазон Рамазонови булғориро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.Абдулмаҷид Кудиев дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 5 дар як рақобати мушкил Сино Халилӣ аз Эронро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Абдулмаҷид Кудиев аз Нуржока Кайпанови қазоқ пас аз як иштибоҳ бо ҳисоби 2 бар 13 рақобатро бохт ва ба финал баромада натавонист.Зикр гардидааст, ки паҳлавони Тоҷикистон барои медали биринҷӣ бо ҳисоби 13 бар 2 Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дода, медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи август дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аввалин Қаҳрамонии куштии ҷаҳон баргузор шуд.Дар ин мусобиқа 200 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.Тоҷикистонро дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон 18 варзишгар – дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20241031/dovari-tojik-bozi-muntakhabi-futboli-kareyai-eronro-qazovat-1064935276.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064943592_0:0:989:742_1920x0_80_0_0_01aa8d2b57ac196f952e97255d8b830e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, паҳлавон, чемпионати ҷаҳон, медал, биринҷӣ
тоҷикистон, варзиш, паҳлавон, чемпионати ҷаҳон, медал, биринҷӣ
Паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ шуд
13:11 01.11.2024 (Навсозишуда: 17:54 01.11.2024) Паҳлавони тоҷик пас аз 17 сол барои Тоҷикистон медали биринҷии Чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Аз 29 то 31 октябр дар шаҳри Тиранаи Албания Чемпионати ҷаҳон дар вазнҳои ғайриолимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид, ки дар он паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев бо маҳорати воло рақибонашро мағлуб карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 70 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11 бар 0 намояндаи Муғулистон – Энхтуяро шикаст дода, дар даври дуюм бо ҳисоби 12 бар 2 Рамазон Рамазонови булғориро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Абдулмаҷид Кудиев дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 5 дар як рақобати мушкил Сино Халилӣ аз Эронро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Абдулмаҷид Кудиев аз Нуржока Кайпанови қазоқ пас аз як иштибоҳ бо ҳисоби 2 бар 13 рақобатро бохт ва ба финал баромада натавонист.
Зикр гардидааст, ки паҳлавони Тоҷикистон барои медали биринҷӣ бо ҳисоби 13 бар 2 Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дода, медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи август дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аввалин Қаҳрамонии куштии ҷаҳон баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа 200 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон 18 варзишгар – дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ намуданд.