Ҷаҳонро аз диктаҳои Ғарб раҳо мекунад: андешаи коршиносони тоҷик дар бораи БРИКС

© Sputnik / Сергей Бобылев / Фотохост-агентство brics-russia2024.ru / Гузариш ба медиабонкXVI саммит БРИКС. Совместное фотографирование глав делегаций государств БРИКС
XVI саммит БРИКС. Совместное фотографирование глав делегаций государств БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Коршиносонон мегӯянд, пас аз нишасти БРИКС дар Қазони ҷаҳон шоҳиди ду тағйири бузург хоҳад буд, яке, поёни ҷаҳони якқутбӣ, дигаре поёни пули амрикоӣ
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Қазон XVI-умин нишасти сарони БРИКС аз 22 то 24 октябр дар баргузор шуд. Ин чорабинӣ таҳти раёсати Русия буд, ки шиори он таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ буд.
Дар рӯзи аввал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбарони кишварҳои иттиҳодия як силсила мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Дар охири рӯзи дуюм эъломияи Қазон, ки иборат аз 43 саҳифа аст, қабул карда шуд.
Аммо ҷолибтарин рӯзи сеюми нишаст буд, ки дар ҷараёни он мулоқотҳо дар формати “аутрич”/БРИКС+ баргузор шуданд. Миқёс бесобиқа буд, зеро дар он намояндагони 36 давлат ва 6 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар ин созмон чӣ беназир аст ва чаро ин нишаст рӯйдоди асосии сиёсии сол гардид, Sputnik Тоҷикистон онро баррасӣ кард.

Созмони сулҳ ва тартибот

Коршиносони тоҷику минтақа аз рушди созмони БРИКС хатми низоми мансухшудаи якқутбӣ ба раҳбарии ҷаҳони Ғарбро интизор доранд.
Ин ҳадафест, ки кишварҳои асосгузори БРИКС 15 сол ба ин сӯ аз замони шакл гирифтани ин созмон эълом медоранд ва ҳам интизорест, ки ба қавли коршиносон, тайи 500 соли ахир дар азҳони кишварҳои мазлуми ҷаҳон пухта расидааст.
Аз нигоҳи онҳо, дар ҳоле ки ҷаҳони Ғарб тамоми талошашро барои бесубот кардани ҷаҳон ба харҷ медиҳад, иҷлоси навбатии БРИКС дар шаҳри Қазони Русия бояд гомҳои амалӣ барои барпоии як ҷаҳони одил ва амнро, ки созмон иддаояшро мекунад, барои ҷаҳониён ироа кунад.
XVI саммит БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2024
Ғарб аз беақлӣ ва бадхоҳӣ ба Путин тӯҳфаи бебаҳо кард
Ба қавли Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ғарб ба раҳбарии Амрико бо он чӣ дар Ховари Миёна ва Аврупои Шарқӣ анҷом медиҳад, он ҳам ба ҷои хомӯш кардан, равған рехтан ба оташи ҷанг, кишварҳои дигар дар ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст.
“Он гуна ки мо иттилоъ ёфтем, Чину Бразил қарор аст, як формулаи сулҳи ҷаҳониро аз суроғаи БРИКС ба ҷаҳон пешниҳод кунанд ва ин ба он маъно хоҳад буд, ки БРИКС як созмони сулҳхоҳ ва Ғарбу созмонҳои таҳти контролаш ҷангталаб муаррифӣ хоҳанд шуд. Ин дар навбати худ сели кишварҳоро ба сӯи БРИКС равон хоҳад кард”, - гуфт Муҳаммадазимов.

Ҳалли афсонаҳои ғарбӣ

Намояндагони 36 давлат ва 6 созмони байналмилалӣ дар нишасти шонздаҳуми сарони БРИКС, аз ҷумла Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (ки дар омади гап, норозигии зиёдро дар Украина ба бор овард, зеро сиёсатмадор ба “саммити сулҳ” дар моҳи июн ба Швейтсария наомада буд).
Ин бузургтарин маъракаи сиёсии байнулмилалӣ дар Русия буд, ки пас аз оғози Амалиёти вижаи низомӣ дар Украина дар қаламрави Русия баргузор шуд ва аз нигоҳи коршиносон, “афсонаҳо” – и Ғарб дар бораи ба инзиво рафтани Русияро аз байн бурд.
Ба қавли онҳо, Русия бо баргузории нишасти БРИКС дар сатҳи олӣ ва ширкати густардаи кишварҳо аз се қора – Авруосиё, Африқо ва Амрикои Лотин – хоби Ғарбро аз чашмонаш паронд.

Хайрбод доллар

Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, коршинос дар умури байнулмилал, пас аз нишасти БРИКС дар Қазони Русия ҷаҳон шоҳиди ду тағйири бузург хоҳад буд, яке, поёни ҷаҳони якқутбӣ ва дигаре оғози поёни низоми пулии Ямайкаи амрикоӣ ва дар гузашта Бретен Вудз.
“Худ ширкати густардаи кишварҳо дар меҳвари БРИКС далели ин аст, ки ҷаҳони якқутбӣ поён ёфтааст, зеро кишварҳои хаста ва нигарон аз ҷоҳталабиҳо ва ҷиноёти бидуни ҷазои Амрико пас аз Ҷанги аввали ҷаҳонӣ, мехоҳанд ба як созмоне паноҳ бубаранд, ки амнияту тамомияти арзии онҳоро ҳифз кунад ва сарнавишти Фаластину Украина ба сарашон наояд. Ҳол БРИКС чунин чатрест, ки дигар иҷозаи ба бадбахтӣ кашондани кишварҳои заъифро нахоҳад дод”, - гуфт Файёз Баҳрамон Наҷимӣ.
Вай афзуд, Низоми пулии Ямайка, ки қариб 50 сол ба ин сӯ доллари амрикоиро бар низоми молии ҷаҳон ҳоким сохтааст, низ ба чолиши ғайримунтазира мувоҷеҳ мешавад.
“Кишварҳои узви БРИКС, ки 40% тавлиди нохолиси миллии ҷаҳонро ташкил мекунанд, тайи 15 соли ахир тавонистанд муомилоти иқтисодиву тиҷории худро бо асъори миллии худ ба роҳ монанд. Ин ки банкноти БРИКС дар Қазон муаррифӣ шуд, фақат як паёми рамзӣ ба ҷаҳону Ғарб буд.
XVI саммит БРИКС. Заседание глав делегаций стран БРИКС в расширенном составе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2024
Иштирокчиёни нишасти БРИКС эъломияи ниҳоӣ қабул карданд
Дар асл низоми “Пардохти он сӯи марзи БРИКС”, ки амалан ҷойгузини СВИФТ бояд шавад ва ба ивази доллари амрикоӣ аз асъори миллии кишварҳоро истифода хоҳад кард, як низомест, ки короии худро на фақат нишон дод, балки хеле муваффақ буд”, - гуфт коршинос.
Низоми пулии Ямайка як низоми пулии байналмилалӣ аст, ки соли 1976 дар кишвари Ямайка рӯи даст гирифта шуд ва дар он нархҳои табодула на тавассути давлат, балки тавассути бозор таъйин мегардад.

Муқовимат ба гегемонияи Ғарб

Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон БРИКС-ро як муқовимати бузурги ҷаҳонӣ алайҳи гегемонияи Ғарб ё сардамдори ҷанги ошкору пинҳон алайҳи султаи 500 – солаи англосаксонҳо ва ҳам маъмури хатми низоми мансухшудаи якқутбӣ ба раҳбарии ҷаҳони Ғарб мебинанд.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, мардуми ҷаҳон, бахусус, Ҷаҳони Ҷанубӣ - Амрикои Лотин, Осиё, Африқо ва Уқёнусия, ки ҳудуди 500 сол ба ин сӯ майдони тавтиаҳои истихборотии Инглису Амрико ва шарикони ғарбии онҳо шудааст, интизор дорад, ки ниҳоят сарнавишти худро ба дасти худ гирад.
“Бахусус бо пиёда сохтани сиёсати “тафриқа андозу ҳукумат рон” дар Ҷануби Ҷаҳонӣ фақру бекориро ривоҷ бахшид, аммо даромадҳои иқтисодии соҳиб шуд. Терроризм, қочоқи маводи мухаддир, тиҷорати аслиҳа ва дигар ҷиноёти фаромиллиро ширкату картелҳои ғарбӣ дар ин ҷуғрофиё ба роҳ андохта, ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳонро ноамн кардаанд. Тамаркузи БРИКС ба рушди Ҷануби Ҷаҳонӣ воқеан шоёни таҳсин аст. То замоне, ки султаи Ғарб дар ин ҷуғрофиё хотима дода нашавад, ҷаҳон ҳеҷ гоҳ рӯи оромиро нахоҳад дид”, - гуфт коршинос.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин ҳам ишора мекунанд, ки муҳаққақ шудани аҳдофи БРИКС ва расидани ҷаҳон ба як иттиҳод ва ҳамбастагии стратегӣ ниёз дорад, он чӣ ки ба бовари раҳбарони ин созмон, бидуни сарусадо ва намоиш таҳаққуқ меёбад, аммо ин як раванди замонбар аст.
Лентаи хабарҳо
0