https://sputnik.tj/20241026/dar-asht-markazi-talimii-rusiya-boz-shud-1064868656.html
Дар Ашт маркази таълимии русӣ боз шуд
Дар Ашт маркази таълимии русӣ боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ин севвумин чунин марказ аст, ки акнун сокинони ноҳияи Ашт метавонанд дар маркази таълимии муҷаҳҳазшуда забони русиро омӯзанд 26.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-26T12:58+0500
2024-10-26T12:58+0500
2024-10-26T13:18+0500
дар тоҷикистон
русия
ашт
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064860258_3:0:1151:646_1920x0_80_0_0_49fd6c871168ab16c9d8a24f798579a5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар заминаи мактаби ба номи Нури Раҳмон, воқеъ дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашти вилояти Суғд Маркази таҳсилоти пайвастаи Россотрудничество кушода шуд. Он дарҳояшро ба рӯи ҳар касе, ки мехоҳанд забони русиро омӯзанд ва Русияро беҳтар дарк кунанд, боз кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз суханони консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин. Ин марказ дар Тоҷикистон сеюмин шуд, ки синфи он дар доираи лоиҳа аз Россотрудничество таҷҳизоти замонавии моддию техники гирифт. Қаблан чунин марказҳо дар Панҷакент ва Турсунзода ба фаъолият шурӯъ карданд."Ноҳияи Ашт стратегӣ буда, бо Узбекистон ҳаммарз аст, ки дар чорроҳаи фарҳангҳои мардуми Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва мо аз он шодем, ки дар ин марказ ҷавонони Тоҷикистон имкони омӯзиши забон ва фарҳанги русиро пайдо мекунанд",- гуфт раиси "Хонаи русҳо" дар Хуҷанд Татяна Мудрова. Вай қайд кард, ки Марказ хуб муҷаҳҳаз аст. Он бо техникам навтарин — тахтаҳои интерактивӣ, адабиёти аъло ҷиҳозонида шудааст.Чорабинии аввал аллакай дар маркази нав ифтитоҳи таҳсилоти иловагӣ – семинари омӯзгорони фанҳои дақиқ баргузор гардид, модератори он омӯзгор – иштирокчии лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" Азамат Сафаргалин буд.
https://sputnik.tj/20241024/rusiya-markaz-ilmi-zakhiravi-javonon-tojikiston-boz-kard-1064834385.html
русия
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064860258_68:0:929:646_1920x0_80_0_0_9b61e12e75c774455c643705fb38050c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ашт, маориф
дар тоҷикистон, русия, ашт, маориф
Дар Ашт маркази таълимии русӣ боз шуд
12:58 26.10.2024 (Навсозишуда: 13:18 26.10.2024) Ин севвумин чунин марказ аст, ки акнун сокинони ноҳияи Ашт метавонанд дар маркази таълимии муҷаҳҳазшуда забони русиро омӯзанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар заминаи мактаби ба номи Нури Раҳмон, воқеъ дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашти вилояти Суғд Маркази таҳсилоти пайвастаи Россотрудничество кушода шуд.
Он дарҳояшро ба рӯи ҳар касе, ки мехоҳанд забони русиро омӯзанд ва Русияро беҳтар дарк кунанд, боз кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз суханони консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин.
"Дар Тоҷикистон муносибат ба омӯзиши забони русӣ таърихи амиқ дорад, чорабинии имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки дар омӯзиши забони русӣ боз ҳам пеш равем ва ҳам ба ҷавонон ва ҳам сокинони калонсоли вилояти Суғд имконият фароҳам меорад, ки Русияро беҳтар дарк кунанд", — гуфт мавсуф дар маросими кушодашавй.
Ин марказ дар Тоҷикистон сеюмин шуд, ки синфи он дар доираи лоиҳа аз Россотрудничество таҷҳизоти замонавии моддию техники гирифт.
Қаблан чунин марказҳо дар Панҷакент ва Турсунзода ба фаъолият шурӯъ карданд.
"Ноҳияи Ашт стратегӣ буда, бо Узбекистон ҳаммарз аст, ки дар чорроҳаи фарҳангҳои мардуми Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва мо аз он шодем, ки дар ин марказ ҷавонони Тоҷикистон имкони омӯзиши забон ва фарҳанги русиро пайдо мекунанд",- гуфт раиси "Хонаи русҳо" дар Хуҷанд Татяна Мудрова.
Вай қайд кард, ки Марказ хуб муҷаҳҳаз аст. Он бо техникам навтарин — тахтаҳои интерактивӣ, адабиёти аъло ҷиҳозонида шудааст.
Чорабинии аввал аллакай дар маркази нав ифтитоҳи таҳсилоти иловагӣ – семинари омӯзгорони фанҳои дақиқ баргузор гардид, модератори он омӯзгор – иштирокчии лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" Азамат Сафаргалин буд.