Бензинфурӯш дар Суғд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро оташ зад: ВКД сабабашро муайян кард

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2024
Обуна шудан
Боздоштшуда нахуст пули фурӯши бензинро азхуд намуда. сипас тасмим гирифт, ки нуқтаи фурӯши сӯзишвориро оташ мезанад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Суғд сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони қасдан оташ задани нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ боздошт шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда корманди ҶДММ "Ирис" НФС Газойл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар вақти кор 1300 сомонӣ пули фурӯши сӯзишвориро азхуд кард.
Сипас ӯ тасмим мегирад, ки нуқтаи фурӯши сӯзишвориро бо роҳи оташ задан несту нобуд мекунад.
Последствия пожара на рынке в Кубодиёне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2024
Оташсӯзӣ дар бозори марказии Ҷайҳун: қариб хокистар шуд
Шояд бо ин роҳ ӯ мехост ҷинояти дуздияшро рӯйпӯш кунад.
ВКД мегӯяд, номбурда бо оташ задани нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба директори он зарари ҷиддии моддӣ расондааст.
Феълан нисбати ӯ тибқи моддаи 245 қисми , моддаи 32 қисми 3 ва моддаи 255 қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ кудоша шудааст.
Дар сурати тадиқ шудани гуноҳи сокини 28 - солаи Бобоҷон Ғафуров ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт ва ё беш аз 8 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0