https://sputnik.tj/20241025/bozgasht-olmoniho-rus-dushanbe-1064859883.html
Бозгашти олмониҳои рус аз Олмон дар Душанбе баррасӣ шуд
Бозгашти олмониҳои рус аз Олмон дар Душанбе баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон як чорабинии байналмилалӣ баргузор шуд, ки яке аз мавзӯъҳои он сабабҳои хоҳиши бозгашти олмониҳои рус ба Федератсияи Русия буд
2024-10-25T16:55+0500
2024-10-25T16:55+0500
2024-10-29T14:12+0500
русия
олмон
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064861382_0:85:3073:1813_1920x0_80_0_0_e99bec7b25e6e7f1e1679bac86bf074a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳудуди 2,5 млн олмонии рус хостори бозгашт аз Олмон ба Русия шудаанд. Онҳо худ дар Русия таваллуд шуда, дар оғози солҳои 90-ум ба Олмон баргашта буданд. Андрей Белянинов, дабири кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, ки дар як конфронси байнулмилалӣ дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, як вазъияти ҷолибе ба вуҷуд омадааст, ки ҳоло, ба хотире ки як мубориза байни хайру шар ҷараён дорад, мо худро дар маркази як ҳаракати мунҳасир ба фард мебинем. Вай афзуд, ҳудуди 2,5 миллион олмонии рус ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ шудаанд, ки қабл аз ҳама иҷтимоӣ ҳастанд ва онҳоро метавон арзишӣ низ унвон кард. “Атфоли онҳо, ки дар он ҷо таваллуд шудаанд, ба забони русӣ балад нестанд. Магар чаро онҳо намехоҳанд дар Олмон зиндагӣ кунанд? Онҳо намехоҳанд, ки атфолашон дар шароити ЛГБТ* бузург шаванд ва онҳо дар шароити беахлоқӣ бузург кунанд. Онҳо медонанд, ки чунин арзишҳо суннатӣ нестанд, балки наметавонанд арзиш бошанд”, - дабири кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо. Вай афзуд, далели дуввуми рӯ овардани олмониҳои рус коҳиши сатҳи зиндагӣ ва хароб шудани вазъи иқтисодӣ дар Олмон аст. Олмониҳои рус аслан боқимондагони онҳое ҳастанд, ки дар поёни Ҷанги бузурги ватанӣ ба дасти Артиши Шӯравӣ ба асорат афтоданд ва ҳукумати Шӯравӣ онҳоро ба гӯшаву канори кишвар барои кору зиндагӣ фиристод. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аксарияти кулли онҳо ба ватани аҷдодӣ баргаштанд. Андрей Белянинов, дабири кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, дар маросими ифтитоҳияи Конфронси сеюми байнулмилалии “Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана: густариши ҳамкориҳои байниминтақавии рақамӣ”, ки бо ҳамдастии Бунёди Горчакови Русия ва Академияи улуми Тоҷикистон ҷараён дорад, суҳбат кард. Дар ин конфронс олимону матахассисон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Ҳинд ва Покистон, кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат доранд. Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо як созмони ғайридавлатии Русия буда, соли 2017 дар Маскав таъсис ёфтааст ва беш аз 67 кишвар ҷаҳон фаъолият дорад.*Ҷунбиши ЛГБТ дар Русия ифротӣ эътироф шудааст, фаъолияти ҷамъият дар қаламрави Федератсияи Русия манъ аст.
https://sputnik.tj/20240922/tavsiya-shreder-ghalaba-rusiya-mekhohand-tarikh-1064432700.html
русия
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064861382_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_16306621e8910a2c0977cc7f03c223c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон русия
Бозгашти олмониҳои рус аз Олмон дар Душанбе баррасӣ шуд
16:55 25.10.2024 (Навсозишуда: 14:12 29.10.2024) Дар пойтахти Тоҷикистон як чорабинии байналмилалӣ баргузор шуд, ки яке аз мавзӯъҳои он сабабҳои хоҳиши бозгашти олмониҳои рус ба Федератсияи Русия буд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳудуди 2,5 млн олмонии рус хостори бозгашт аз Олмон ба Русия шудаанд. Онҳо худ дар Русия таваллуд шуда, дар оғози солҳои 90-ум ба Олмон баргашта буданд.
Андрей Белянинов, дабири кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, ки дар як конфронси байнулмилалӣ дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, як вазъияти ҷолибе ба вуҷуд омадааст, ки ҳоло, ба хотире ки як мубориза байни хайру шар ҷараён дорад, мо худро дар маркази як ҳаракати мунҳасир ба фард мебинем.
“Бисёре аз мардум дар саросари ҷаҳон мехоҳанд, ки дар Федератсияи Русия зиндагӣ кунанд. Бузургтарин ҷунбише, ки мо бо он рӯбарӯ шудаем, ҷомеаи олмониҳои рус дар хориҷ аз кишвар аст, ки аз сӯи Валдемар Герт, собиқ намояндаи Бундестаг, парлумони Олмон, раҳбарӣ мешавад”, - гуфт Андрей Белянинов.
Вай афзуд, ҳудуди 2,5 миллион олмонии рус ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ шудаанд, ки қабл аз ҳама иҷтимоӣ ҳастанд ва онҳоро метавон арзишӣ низ унвон кард.
“Атфоли онҳо, ки дар он ҷо таваллуд шудаанд, ба забони русӣ балад нестанд. Магар чаро онҳо намехоҳанд дар Олмон зиндагӣ кунанд? Онҳо намехоҳанд, ки атфолашон дар шароити ЛГБТ* бузург шаванд ва онҳо дар шароити беахлоқӣ бузург кунанд. Онҳо медонанд, ки чунин арзишҳо суннатӣ нестанд, балки наметавонанд арзиш бошанд”, - дабири кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо.
Вай афзуд, далели дуввуми рӯ овардани олмониҳои рус коҳиши сатҳи зиндагӣ ва хароб шудани вазъи иқтисодӣ дар Олмон аст.
Олмониҳои рус аслан боқимондагони онҳое ҳастанд, ки дар поёни Ҷанги бузурги ватанӣ ба дасти Артиши Шӯравӣ ба асорат афтоданд ва ҳукумати Шӯравӣ онҳоро ба гӯшаву канори кишвар барои кору зиндагӣ фиристод. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аксарияти кулли онҳо ба ватани аҷдодӣ баргаштанд.
Андрей Белянинов, дабири кулли Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, дар маросими ифтитоҳияи Конфронси сеюми байнулмилалии “Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана: густариши ҳамкориҳои байниминтақавии рақамӣ”, ки бо ҳамдастии Бунёди Горчакови Русия ва Академияи улуми Тоҷикистон ҷараён дорад, суҳбат кард.
Дар ин конфронс олимону матахассисон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Ҳинд ва Покистон, кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат доранд.
Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо як созмони ғайридавлатии Русия буда, соли 2017 дар Маскав таъсис ёфтааст ва беш аз 67 кишвар ҷаҳон фаъолият дорад.
*Ҷунбиши ЛГБТ дар Русия ифротӣ эътироф шудааст, фаъолияти ҷамъият дар қаламрави Федератсияи Русия манъ аст.