https://sputnik.tj/20241024/tojikiston-zakhira-ghalladona-1064828261.html
Аз орд то картошкаю мевагӣ: Тоҷикистон чӣ қадар захираи маҳсулоти ғизоӣ дорад
Аз орд то картошкаю мевагӣ: Тоҷикистон чӣ қадар захираи маҳсулоти ғизоӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Бояд гуфт, захира кардани маҳсулоти ғизоиро роҳбари давлат дар ҳар сафараш ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қайд мекунад 24.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-24T10:39+0500
2024-10-24T10:39+0500
2024-10-24T10:39+0500
дар тоҷикистон
маҳсулоти ғалладона
захира
кишоварзӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_0:57:3000:1745_1920x0_80_0_0_e148b0c9cbb9c75fe24b47c6072601bb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳоло захира кардани маҳсулоти гуногуни ғизоӣ идома дорад.Ба иттилои Оҷонсии омор, то аввали моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон 7 692 тон зироати ғалладонагӣ захира гардидааст.Манбаъ афзуд, аз маҳсулоти ғалладонагии захирагардида 7 336 тоннаро гандум, 0,2 тон ҷавдор ва 360 тоннаро ҷав ташкил медиҳад.Илова бар ин, барои 169 тон картошка ва 3 694 тон сабзавот, аз ҷумла 22 тон сабзӣ ва 3 671 тон бехпиёз захира гардидааст.Оҷонсии омор зикр намуд, ки дар сардхонаҳои мамлакат инчунин мевагиҳо низ нигаҳдорӣ мешаванд. То аввали моҳи равон дар сардхонаҳо 168 тон мевагӣ, аз ҷумла 85 тон ангур захира шудааст.Орд, ки яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон меравад низ ба қадри лозима захира шудааст. Оҷонсӣ гуфт, дар давраи зикргардида 1 626 тон орд ҷамъ оварда шудааст. Инчунин равған ба миқдори 485 тон шакар, 230 тон биринҷ захира гардидааст.Маврид ба зикр аст, ки захира кардани маҳсулоти ғизоӣ на танҳо фоиданок, балки зарур ҳам мебошад. Зеро он ба таъмини амнияти озуқавории сокинон равона шудааст. Зикр гардид, ки дар сурати кам гардидани маҳсулот бо ташкил кардани ярмарка-фурӯши маҳсулот камчинии маҳсулот аз байн бурда мешавад ва ҳамзамон нархи он низ танзим мешавад.Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар сафараш ба минтақаҳои Тоҷикистон зимни суҳбат бо сокинон дархост мекунад, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маҳсулоти ғизоиро захира кунад.
https://sputnik.tj/20240927/narkh-mahsulot-ghizo-tojikiston-garon-1064511230.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/35/1013643546_323:0:3000:2008_1920x0_80_0_0_45004d74b49fe8caf8902f6ff8993126.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маҳсулоти ғалладона, захира, кишоварзӣ, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, маҳсулоти ғалладона, захира, кишоварзӣ, иҷтимоъ
Аз орд то картошкаю мевагӣ: Тоҷикистон чӣ қадар захираи маҳсулоти ғизоӣ дорад
Бояд гуфт, захира кардани маҳсулоти ғизоиро роҳбари давлат дар ҳар сафараш ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қайд мекунад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳоло захира кардани маҳсулоти гуногуни ғизоӣ идома дорад.
Ба иттилои Оҷонсии омор, то аввали моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон 7 692 тон зироати ғалладонагӣ захира гардидааст.
Манбаъ афзуд, аз маҳсулоти ғалладонагии захирагардида 7 336 тоннаро гандум, 0,2 тон ҷавдор ва 360 тоннаро ҷав ташкил медиҳад.
Илова бар ин, барои 169 тон картошка ва 3 694 тон сабзавот, аз ҷумла 22 тон сабзӣ ва 3 671 тон бехпиёз захира гардидааст.
Оҷонсии омор зикр намуд, ки дар сардхонаҳои мамлакат инчунин мевагиҳо низ нигаҳдорӣ мешаванд. То аввали моҳи равон дар сардхонаҳо 168 тон мевагӣ, аз ҷумла 85 тон ангур захира шудааст.
Орд, ки яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон меравад низ ба қадри лозима захира шудааст. Оҷонсӣ гуфт, дар давраи зикргардида 1 626 тон орд ҷамъ оварда шудааст. Инчунин равған ба миқдори 485 тон шакар, 230 тон биринҷ захира гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки захира кардани маҳсулоти ғизоӣ на танҳо фоиданок, балки зарур ҳам мебошад. Зеро он ба таъмини амнияти озуқавории сокинон равона шудааст.
Зикр гардид, ки дар сурати кам гардидани маҳсулот бо ташкил кардани ярмарка-фурӯши маҳсулот камчинии маҳсулот аз байн бурда мешавад ва ҳамзамон нархи он низ танзим мешавад.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар сафараш ба минтақаҳои Тоҷикистон зимни суҳбат бо сокинон дархост мекунад, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маҳсулоти ғизоиро захира кунад.