Раҳмон бо Минниханов дар ҳошияи БРИКС мулоқот кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Главой Республики Татарстан Рустамом Миннихановым
Встреча Эмомали Рахмона с Главой Республики Татарстан Рустамом Миннихановым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2024
Обуна шудан
Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо будааст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд.
Ин дидор дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” дар шаҳри Қазор сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар ин дидор президенти кишвар, таъкид намуд, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Тоҷикистон қарор дорад.
"Таъкид шуд, ки саҳми Тотористон дар ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бо назардошти имконоти мавҷуда мумкин аст ин нишондод боло бардошта шавад",- афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Тотористонро баррасӣ карда, ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, маъдан, нафту газ, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон диққати хоса зоҳир карданд",.
Нишасти сарони БРИКС дар Қазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2024
Рӯзи сеюми нишасти XVI сарони БРИКС дар Қазон – пахши мустақим
Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф зарур шумурда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қазон рӯзи сеюми нишасти XVI сарони БРИКС идома дошта, дар ҳошияи он Эмомалӣ Раҳмон қарор аст, дигар мулоқотҳои дуҷониба дошта бошад.
Лентаи хабарҳо
0