Душанбе ҳамлаи террористӣ дар Анқараро, ки дар пай захмиву қурбонӣ дошт, маҳкум кард

© SputnikЗдание МИД Таджикистана
Здание МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2024
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба наздикони кушташудагон дар фоҷеаи Туркия изҳори ҳамдардӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар корхонаи Tusaş дар ҳошияи пойтахти Туркияро шадидан маҳкум мекунад.
Дар ин бора дар баёнияе, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр кардааст, омадааст.
Ин ниҳод ба хонаводаҳои кушташудагон дар фоҷеа изҳори ҳамдардӣ кардааст.
“Мо хабари фоҷиаеро, ки дар корхонаи Tusaş дар Анқара рух додааст, бо эҳсоси андӯҳи амиқ қабул кардем. Тоҷикистон ин ҳамлаи террористиро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани аҳолии осоишта шудааст, шадидан маҳкум мекунад”, - омадааст дар матн.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Ҳамлаи террористӣ рӯзи 23 октябр дар ноҳияи Қаҳрамонқазони канори Анқара, ки дар он корхона ва иншооти Tusaş ҷойгир аст, рух дод.
Задержание террористов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2024
Тарҳи “Крокус” дар Ваҳдат, ё Душанбе бо терроризм чӣ гуна дасту панҷа нарм мекунад?
Дар ин ҷо маҳсулоти фазоиву кайҳонӣ, паҳбодҳо ва яроқ истеҳсол карда мешаванд. Ду террористи мусаллаҳ маводи таркандаро мунфаҷир карда, бо посбонҳо вориди тирандозӣ шуданд.
Ду ҳамлагарро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз байн бурданд. Додситонии кулли Анқара ба таҳқиқи ҳамлаи террористӣ шурӯъ кардааст.
Тибқи маълумоти ахир, панҷ нафар кушта ва 22 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0