Ба Тоҷикистон беш аз 1 млн хориҷӣ омад

CC BY 2.0 / Flickr / Ninara / Afghanistan seen from TajikistanТуристы на реке Пяндж
Туристы на реке Пяндж   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2024
Обуна шудан
Танҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистонро давоми 9 моҳи ахир 1,1 млн гардишгар тамошо омадааст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки барои тамошои манзараҳои зебои Тоҷикистон меоянд, сол аз сол рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Танҳо дар зарфи 9 моҳи ахири соли равон ба ҷумҳурӣ 1,2 млн шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин миён 1,1 млн -ро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ташкил медиҳанд.
Дар ин бора Оҷонсии омор хабар дода афзуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3% бештар аст.
Манбаъ афзуд, хориҷиҳое, ки давлатҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон омадаанд, 104,7 ҳазор нафар буда, аз ин миён 89,1 ҳазори онҳо ҳамчун гардиштар ташриф оварданд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи бешитари сайёҳонро шаҳрвандон аз кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Дар 9 моҳ 746 ҳазор ӯзбекистонӣ ба тамошои Тоҷикистон омадааст.
Гиссарская крепость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Ҳамкориҳои сайёҳӣ тақвият меёбанд: Нияти ҷалби 500 ҳазор гардишгари рус ба Тоҷикистон
Дар мақоми дуввум шаҳрвандони Русия - 329 ҳазор нафар ва пасон қазоқҳо - 28 ҳазор нафар қарор доранд.
Ба иттилои агентии Омор, дар 9 моҳ ба тамошои Тоҷикистон шаҳрвандони 22 кишвари дунё омаданд ва камтаринаш аз Канада, ҳудуди 1,8 ҳазор нафар меҳмони Тоҷикистон шудаанд.
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд менамояд.
Ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон барои сайёҳони рус шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фан, Искандаркӯл ва ғайра, мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0