https://sputnik.tj/20241023/qazon-nishast-saron-briks-pakhsh-mustaqim-1064830318.html
Дар Қазон нишасти сарони БРИКС ҷараён дорад
Дар Қазон нишасти сарони БРИКС ҷараён дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар нишасти БРИКС дар Қазон раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дорад. Ӯ субҳи 23 октябр вориди Қазон шуд 23.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-23T16:29+0500
2024-10-23T16:29+0500
2024-10-23T16:54+0500
видео
брикс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/17/1064829681_0:111:3245:1936_1920x0_80_0_0_5bd3a82884b8e9982d925de381d2593a.jpg
Дар Қазон, дар маркази намоишгоҳи "Қазон Экспо" таҳти раёсати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нишасти сарони БРИКС ҷараён дорад. Он аз мулоқот дар доираи танг оғоз ёфта, сипас дар ҳайати васеъ идома ёфт. Раҳбари Русия пешниҳод кард, ки мушкилоти ҷаҳонӣ ва низоъҳои минтақавӣ дар нишасти маҳдуди БРИКС баррасӣ шавад. Нишасти БРИКС дар Қазон, ки бо ҳузури намояндагони 36 кишвар ва шаш созмони байналмилалӣ рӯзи 22 октябр оғоз шуд. Раҳмон озими Қазон шудҲамоиш як чорабинии ниҳоӣ дар чаҳорчӯби раёсати Федератсияи Русия дар ин иттиҳодия хоҳад буд, ки таҳти шиори таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ баргузор мешавад.БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/17/1064829681_258:0:2987:2047_1920x0_80_0_0_822829f56fda23f9701ef61a19f91946.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, брикс, видео
Дар Қазон нишасти сарони БРИКС ҷараён дорад
16:29 23.10.2024 (Навсозишуда: 16:54 23.10.2024) Дар нишасти БРИКС дар Қазон раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дорад. Ӯ субҳи 23 октябр вориди Қазон шуд
Дар Қазон, дар маркази намоишгоҳи "Қазон Экспо" таҳти раёсати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нишасти сарони БРИКС ҷараён дорад. Он аз мулоқот дар доираи танг оғоз ёфта, сипас дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Раҳбари Русия пешниҳод кард, ки мушкилоти ҷаҳонӣ ва низоъҳои минтақавӣ дар нишасти маҳдуди БРИКС баррасӣ шавад.
Нишасти БРИКС дар Қазон, ки бо ҳузури намояндагони 36 кишвар ва шаш созмони байналмилалӣ рӯзи 22 октябр оғоз шуд.
Ҳамоиш як чорабинии ниҳоӣ дар чаҳорчӯби раёсати Федератсияи Русия дар ин иттиҳодия хоҳад буд, ки таҳти шиори таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ баргузор мешавад.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.
Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.