https://sputnik.tj/20241023/ama-iiao-okhir-sol-sozishnoma-tasis-mintaqa-savdo-ozod-imzo-1064815755.html
АМА ва ИИАО то охири сол созишномаи таъсиси минтақаи савдои озодро имзо мекунанд
АМА ва ИИАО то охири сол созишномаи таъсиси минтақаи савдои озодро имзо мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди президенти АМА, ин як қадами бузург ба таҳкими равобити иқтисод бо кишварҳои иттиҳодия хоҳад буд 23.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-23T10:47+0500
2024-10-23T10:47+0500
2024-10-23T10:47+0500
дар ҷаҳон
ама
ииао
созишнома
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/16/1064817824_0:53:3071:1780_1920x0_80_0_0_a167cc401f965c7fccba8bfce39e200f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) кор болои созишнома дар бораи таъсиси минтақаи савдои озод бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) -ро идома медиҳад. Дар ин бора Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаён, раиси ҷумҳури Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷараёни музокирот бо ҳамтои русаш Владимир Путин изҳор дошт. Музокирот дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва ИИАО моҳи марти соли 2023 оғоз шуда буд. Дар ин муддат тарафҳо як қатор машваратҳо анҷом доданд. Тавре аз Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар доданд, ин санад аз ҷумла масъалаҳои либерализатсияи тарифҳо, ҳамкориҳои гумрукӣ ва саноатӣ, тиҷорати электронӣ ва моликияти зеҳнӣ ва чораҳои ҳифзи тиҷоратро танзим мекунад. ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Куба, Молдова ва Узбакистон мақоми нозир дода шуд. Дар тӯли солҳо, АМА беш аз 10 созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, аз ҷумла бо Исроил, Ҳиндустон, Индонезия, Кения ва Туркия ба имзо расонд. Моҳи феврал вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Тани бин Аҳмад ал-Зейудӣ гуфта буд, ки мақомоти ин кишвар интизор доранд, ки то охири соли 2024 бо ИИАО чунин созишнома банданд.
https://sputnik.tj/20241021/rusiya-intizor-kishvarho-iiao-nazdikshavi-briks-manfiat-1064794825.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/16/1064817824_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c5822596842acfe147ad0570f1edd095.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ама, ииао, созишнома, иқтисод
дар ҷаҳон, ама, ииао, созишнома, иқтисод
АМА ва ИИАО то охири сол созишномаи таъсиси минтақаи савдои озодро имзо мекунанд
Ба таъкиди президенти АМА, ин як қадами бузург ба таҳкими равобити иқтисод бо кишварҳои иттиҳодия хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) кор болои созишнома дар бораи таъсиси минтақаи савдои озод бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) -ро идома медиҳад.
Дар ин бора Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаён, раиси ҷумҳури Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷараёни музокирот бо ҳамтои русаш Владимир Путин изҳор дошт.
"Амороти Муттаҳидаи Араб корҳоро барои таҳияи созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё идома медиҳад. Ин як қадами бузург ва муҳиме хоҳад буд, ки ба таҳкими равобити иқтисодӣ бо кишварҳои иттиҳодия нигаронида шудааст”, - гуфт президенти Иморот.
Музокирот дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва ИИАО моҳи марти соли 2023 оғоз шуда буд. Дар ин муддат тарафҳо як қатор машваратҳо анҷом доданд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисоди Русия хабар доданд, ин санад аз ҷумла масъалаҳои либерализатсияи тарифҳо, ҳамкориҳои гумрукӣ ва саноатӣ, тиҷорати электронӣ ва моликияти зеҳнӣ ва чораҳои ҳифзи тиҷоратро танзим мекунад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Куба, Молдова ва Узбакистон мақоми нозир дода шуд.
Дар тӯли солҳо, АМА беш аз 10 созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, аз ҷумла бо Исроил, Ҳиндустон, Индонезия, Кения ва Туркия ба имзо расонд. Моҳи феврал вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Тани бин Аҳмад ал-Зейудӣ гуфта буд, ки мақомоти ин кишвар интизор доранд, ки то охири соли 2024 бо ИИАО чунин созишнома банданд.