ВКД Тоҷикистон: беш аз 120 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ дар Русия қонуншиканӣ кардаанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРейд по проверке документов воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ
Рейд по проверке документов  воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2024
Обуна шудан
Зиёда аз 120 ҳазор нафар шаҳрвандони мо дар “рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта” ҳамчун қонуншиканӣ сабти ном шудаанд”,-гуфта ВКД ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват шудааст, ки барои муайян кардани мақоми ҳуқуқии худ дар Русия аз сомонаҳои расмии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон истифода кунанд.
Дар ин бора ба Вазорати корхои дохилии ҷумҳурӣ хабар дода шуд.
"Ба қонуни федералӣ дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад", - шарҳ дод манбаъ.
Дар ин росто беш аз 120 ҳазор нафар шаҳрвандони мо дар “рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта” ҳамчун қонуншиканӣ сабт шудаанд”,-гуфта мешавад дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
Рабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса Экспо на ВДНХ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
Душанбе бо Маскав дар мавзуъи назм додан ба муҳоҷират аз Тоҷикистон ҳамсӯ аст
Ҳамин тавр, рӯзи 8 август президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи таҳкими назорати давлатии федералӣ дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ҷорӣ кардани низоми нави муҳоҷират барои ихроҷро имзо кард.
Ин низом нисбат ба шаҳрвандони хориҷие татбиқ мешавад, ки ҳуқуқи будубоши қонунӣ дар Федератсияи Русияро надоранд.
Ба ин метавонад, ба охир расидани муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия ё ҳуҷҷатҳои муҳоҷират, лағви иқомати муваққатӣ, иҷозаи иқомат ё содир кардани амали ғайриқонунӣ бошад.
Лентаи хабарҳо
0