https://sputnik.tj/20241021/tojikiston-tatil-maktab-se-ruz-kutoh-1064803683.html
Дар Тоҷикистон таътилҳои мактабиро кутоҳ карданд
Дар Тоҷикистон таътилҳои мактабиро кутоҳ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамингуна буд, ки ҳамакнун дигарбора ҷорӣ шуд, аммо дар вазорат сабаби бозгаштро шарҳ надоданд
2024-10-21T14:45+0500
2024-10-21T14:45+0500
2024-10-21T14:56+0500
дар тоҷикистон
таътилот
маориф
таҳсил
вазорати маорифу илми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038779892_0:306:2935:1957_1920x0_80_0_0_ff86b2d55543f2e3b41c2b4cf839f3c4.jpg
Дар Тоҷикистон ба таътили мактаббачагон тағйирот ворид шудааст.Дар ин бора Вазорати маориф ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ҳамакнун ба ҷои 10 рӯз хонандагон дар таътили дарпешистодаи тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат мекунанд. Бар асоси иттилои вазорат, ҳамчунин таътили зимистона як ҳафта ва баҳорӣ панҷ рӯз муаян шудааст.Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамингуна буд, ки ҳамакнун дигарбора ҷорӣ шуд, аммо дар ин ниҳод сабаби бозгаштро шарҳ надоданд.Зимнан, давомнокии соли хониши имсола беназардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта, барои хонандагони синфи якум бошад 34 ҳафтаро дарбар мегирад.Таътилҳои соли хониш ба рӯзҳои мазкур рост меоянд:Таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 ноябр то 7 ноябр);Таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 январ то 7 январ);Таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)
https://sputnik.tj/20240827/tojikiston-sol-khonishi-imsola-tahsil-tatil-1064099387.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038779892_196:293:2414:1957_1920x0_80_0_0_dfcb453537cc3ad354e79cfe972a99b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон таътилҳо мактабӣ кутоҳ
тоҷикистон таътилҳо мактабӣ кутоҳ
Дар Тоҷикистон таътилҳои мактабиро кутоҳ карданд
14:45 21.10.2024 (Навсозишуда: 14:56 21.10.2024) Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамингуна буд, ки ҳамакнун дигарбора ҷорӣ шуд, аммо дар вазорат сабаби бозгаштро шарҳ надоданд
Дар Тоҷикистон ба таътили мактаббачагон тағйирот ворид шудааст.
Дар ин бора Вазорати маориф ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамакнун ба ҷои 10 рӯз хонандагон дар таътили дарпешистодаи тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат мекунанд.
Бар асоси иттилои вазорат, ҳамчунин таътили зимистона як ҳафта ва баҳорӣ панҷ рӯз муаян шудааст.
“Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тартиб чунин муайян карда шудааст”, - афзуд котиби матбуоти вазорат.
Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамингуна буд, ки ҳамакнун дигарбора ҷорӣ шуд, аммо дар ин ниҳод сабаби бозгаштро шарҳ надоданд.
Зимнан, давомнокии соли хониши имсола беназардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта, барои хонандагони синфи якум бошад 34 ҳафтаро дарбар мегирад.
Таътилҳои соли хониш ба рӯзҳои мазкур рост меоянд:
Таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 ноябр то 7 ноябр);
Таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 январ то 7 январ);
Таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)