https://sputnik.tj/20241020/karnay-sozi-asli-jashn-tojikon-sokhta-1064789931.html
Карнай - сози аслии ҷашнии тоҷикон чӣ гуна сохта мешавад
Карнай - сози аслии ҷашнии тоҷикон чӣ гуна сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунари карнайсозӣ дар Тоҷикистон садсолаҳо равнақ ёфта, наслҳои мисгароне мавҷуданд, ки ин ҳунари аҷдодиро ҳифз кардаанд. 20.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-20T17:57+0500
2024-10-20T17:57+0500
2024-10-20T17:57+0500
видео
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/14/1064789177_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b339fda2d13a5ecabe97bb08ad3f6a44.jpg
Ҳама туйу сур ё кадом маъракаи хурсандии тоҷиконро бидуни садои карнай тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо шунидани садои карнай ҳамон замон дар ёди кас баргузории туй, ҷашн ё кадом маросими шодмонӣ мерасад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо карнайсозон дар Истаравшан суҳбат карду аз нозукиҳои корашон суол кард. Мирзо Мансуров устои карнайсоз мегӯяд, ки ин ҳунари қадимӣ барои ӯву фарзандонаш авлодӣ буда, 200 – 300 сол қабл аждодонаш ба мисгарӣ машғул буданд. Карнайсозӣ ҷузъе аз ҳунарӣ мисгарист мегуяд, устои истравшанӣ. Ин ҳунарманд зикр кард, ки агар карнай ҳамчун асбоби мусиқӣ ба кор бурда намешуд, ҳунари мисгарӣ ҳам, ки асрҳои аср пойбарҷо буд аз байн мерафту ҳеҷ кас ба он таваҷҷӯҳ намекард. Хушбахтона ҳоло ин ҳунари қадимӣ дубора эҳё шудааст. Ҳоло ҳама туйу сури тоҷикон ва узбекону дигар халқиятҳои Осиёи Миёна бе садои карнай доир намешавад. Баҳодур Назаров, яке аз карнайнавозони шаҳри Хуҷанд мегуяд, бо ҳунари карнайнавозӣ ба беш аз бист кишвари ҷаҳон сафари ҳунарӣ доштааст. Бино ба гуфти ҳунармандон, зимнан метали хоми мису нуқраю бринҷӣ, ки барои сохтани карнайи хубу бо сифат истифода мешавад, асосан аз кишвари Русия ворид мешавад. Усто Мирзо мегуяд, ки ҳунари мисгарию карнайсозӣ барояш аз падараш усто Мансурҷон бобояш усто Мирсабур мерос монда ва ҳоло фарзандонаш Расулҷон ҳам аз пайи ин ҳунари аждодӣ ҳаст. Набераҳояш Абдураҳиму Абдумаҷид Мансуровҳо ҳам ҳоло бо шавқ машғули ин ҳунари бобоӣ буда аз ҳамин роҳ ризқу рӯзии ҳалол ба даст меоваранд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/14/1064789177_39:0:1479:1080_1920x0_80_0_0_323e1dbb09cdb6115ebbdd5164a7e463.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, видео
видео, дар тоҷикистон, видео
Карнай - сози аслии ҷашнии тоҷикон чӣ гуна сохта мешавад
Ҳунари карнайсозӣ дар Тоҷикистон садсолаҳо равнақ ёфта, наслҳои мисгароне мавҷуданд, ки ин ҳунари аҷдодиро ҳифз кардаанд.
Ҳама туйу сур ё кадом маъракаи хурсандии тоҷиконро бидуни садои карнай тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Бо шунидани садои карнай ҳамон замон дар ёди кас баргузории туй, ҷашн ё кадом маросими шодмонӣ мерасад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо карнайсозон дар Истаравшан суҳбат карду аз нозукиҳои корашон суол кард.
Мирзо Мансуров устои карнайсоз мегӯяд, ки ин ҳунари қадимӣ барои ӯву фарзандонаш авлодӣ буда, 200 – 300 сол қабл аждодонаш ба мисгарӣ машғул буданд. Карнайсозӣ ҷузъе аз ҳунарӣ мисгарист мегуяд, устои истравшанӣ.
“Карнай асосан аз метали мису бринҷӣ сохта мешавад. Кафшеркунии он танҳо бо метали нуқраӣ сурат мегирад, зеро дигар метал ин хусусияти корбурдиро надорад” – гуфт, усто Мирзо.
Ин ҳунарманд зикр кард, ки агар карнай ҳамчун асбоби мусиқӣ ба кор бурда намешуд, ҳунари мисгарӣ ҳам, ки асрҳои аср пойбарҷо буд аз байн мерафту ҳеҷ кас ба он таваҷҷӯҳ намекард. Хушбахтона ҳоло ин ҳунари қадимӣ дубора эҳё шудааст.
Ҳоло ҳама туйу сури тоҷикон ва узбекону дигар халқиятҳои Осиёи Миёна бе садои карнай доир намешавад.
Баҳодур Назаров, яке аз карнайнавозони шаҳри Хуҷанд мегуяд, бо ҳунари карнайнавозӣ ба беш аз бист кишвари ҷаҳон сафари ҳунарӣ доштааст.
“Аз ҷумла соли 2018 дар шаҳри Макаои кишвари Чин бори аввал дар аркестри байналмиллалӣ карнай навохтем, ки ин дар фаъолияти ҳунариям фаромӯшнопазир аст” – гуфт, карнайнавоз.
Бино ба гуфти ҳунармандон, зимнан метали хоми мису нуқраю бринҷӣ, ки барои сохтани карнайи хубу бо сифат истифода мешавад, асосан аз кишвари Русия ворид мешавад.
Усто Мирзо мегуяд, ки ҳунари мисгарию карнайсозӣ барояш аз падараш усто Мансурҷон бобояш усто Мирсабур мерос монда ва ҳоло фарзандонаш Расулҷон ҳам аз пайи ин ҳунари аждодӣ ҳаст.
Набераҳояш Абдураҳиму Абдумаҷид Мансуровҳо ҳам ҳоло бо шавқ машғули ин ҳунари бобоӣ буда аз ҳамин роҳ ризқу рӯзии ҳалол ба даст меоваранд.