https://sputnik.tj/20241019/nishast-saron-briks-qazon-jarayon-tarikh-muayyan-matvienko-1064777562.html
Нишасти сарони БРИКС дар Қазон ҷараёни таърихро муайян хоҳад кард – Матвиенко
Нишасти сарони БРИКС дар Қазон ҷараёни таърихро муайян хоҳад кард – Матвиенко
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои Федератсия қайд кард, ки маҳз се рӯзи дарпешистодаи нишасти БРИКС ба ояндаи башар “таъсири калидӣ” хоҳад дошт на интихоботи ИМА
2024-10-19T11:42+0500
2024-10-19T11:42+0500
2024-10-19T11:42+0500
брикс
дар русия
валентина матвиенко
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336456_0:33:3059:1753_1920x0_80_0_0_6d6154ed4ae084385f2e63b402b0011c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Интихоботи дарпешистодаи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида муҳимтарин рӯйдоди соли 2024 нахоҳад буд, зеро ҷараёни минбаъдаи таърихро саммити БРИКС дар Қазон муайян хоҳад кард.Дар ин бора раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко изҳор дошт.Ба гуфтаи вай, ҷаҳон ба таври назаррас тағйир ёфта вориди масири нави ҳаракат шудааст ва дигар интихоботҳои Амрико рӯйдоди таърихсози сол нахоҳад буд.Раиси Шӯрои Федератсия қайд кард, ки маҳз се рӯзи дарпешистодаи нишасти БРИКС ба ояндаи башар “таъсири калидӣ” хоҳад дошт, на ба натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Иёлоти Муттаҳида, ки тавре расонаҳои ғарбӣ мехоҳанд онро ба афрокри умум маҷбур ворид кунанд.“Сиёсатмадорони воқеии масъулиятшинос дар кишварҳои соҳибистиқлол инро дарк мекунанд. Дараҷаи намояндагӣ дар ин ҳамоиш ва пайваста афзудани дархостҳои ворид шудан ба ин иттиҳодия далели равшани ин аст. Боварӣ дорам, ки хабарҳои Русияро дар тамоми қитъаҳо пайгирӣ хоҳанд кард. Дарвоқеъ ин дуруст аст,"- хулоса кард сиёсатмадор.БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст. Русия 1 январи соли 2024 раёсати БРИКС-ро ба уҳда гирифт.Федератсияи Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Эфиопия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба он шомиланд.
https://sputnik.tj/20241018/briks-sahm-iqtisod-jahoni-g7-pesh-guzasht-putin-1064769940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336456_52:0:2783:2048_1920x0_80_0_0_c4c40221fbb3773e605c53c207e34d2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
брикс, дар русия, валентина матвиенко, сиёсат
брикс, дар русия, валентина матвиенко, сиёсат
Нишасти сарони БРИКС дар Қазон ҷараёни таърихро муайян хоҳад кард – Матвиенко
Раиси Шӯрои Федератсия қайд кард, ки маҳз се рӯзи дарпешистодаи нишасти БРИКС ба ояндаи башар “таъсири калидӣ” хоҳад дошт на интихоботи ИМА
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Интихоботи дарпешистодаи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида муҳимтарин рӯйдоди соли 2024 нахоҳад буд, зеро ҷараёни минбаъдаи таърихро саммити БРИКС дар Қазон муайян хоҳад кард.
Дар ин бора раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ҷаҳон ба таври назаррас тағйир ёфта вориди масири нави ҳаракат шудааст ва дигар интихоботҳои Амрико рӯйдоди таърихсози сол нахоҳад буд.
“Ҳарчанд, ки ИМА инро намехоҳад, аммо саммити БРИКС чунин рӯйдод хоҳад буд. Ин инъикоси равандҳои объективӣ ва бебозгашт аст”,- навиштааст Матвиенко дар канали Telegram-и худ.
Раиси Шӯрои Федератсия қайд кард, ки маҳз се рӯзи дарпешистодаи нишасти БРИКС ба ояндаи башар “таъсири калидӣ” хоҳад дошт, на ба натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Иёлоти Муттаҳида, ки тавре расонаҳои ғарбӣ мехоҳанд онро ба афрокри умум маҷбур ворид кунанд.
“Сиёсатмадорони воқеии масъулиятшинос дар кишварҳои соҳибистиқлол инро дарк мекунанд. Дараҷаи намояндагӣ дар ин ҳамоиш ва пайваста афзудани дархостҳои ворид шудан ба ин иттиҳодия далели равшани ин аст. Боварӣ дорам, ки хабарҳои Русияро дар тамоми қитъаҳо пайгирӣ хоҳанд кард. Дарвоқеъ ин дуруст аст,"- хулоса кард сиёсатмадор.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст. Русия 1 январи соли 2024 раёсати БРИКС-ро ба уҳда гирифт.
Федератсияи Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Эфиопия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба он шомиланд.