Раиси Хатлон ба 30 бонуи соҳибкор грант дод

© Foto / Пресс-служба председателя Хатлонской областиВручение гранта предпринимательницам Хатлонской области на форуме "Хатлон Инвест"
Вручение гранта предпринимательницам Хатлонской области на форуме Хатлон Инвест  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2024
Обуна шудан
Грантҳои раиси вилояти Хатлон барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии "Хатлон Инвест" ба соҳибкорзанони ин минтақа грант тақдим гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, 30 тан аз бонувони соҳибкор ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилоятро дарёфт карданд.
Манбаъ афзуд, ки грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.
Город Бохтар Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2024
Вилояти Хатлон сармоягузорони хориҷиро интизор аст
Дар ин вилоят беш аз 31 ҳазор зан машғул ба соҳибкорӣ буда, ҳамзамон расман фаъолияти инфиродиро рушд медиҳанд.
Аз ин миён 19 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии "Хатлон Инвест" ҷараён дорад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни форум беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 500 млн сомонӣ ба имзо расонида шаванд.
Чорабинии мазкур то 18 октябр идома мекунад.
Лентаи хабарҳо
0