Кишварҳои СҲШ буҷа барои соли 2025-ро тасдиқ карданд: Тоҷикистон чӣ миқдор маблағ дод

© Foto / Шанхайская организация сотрудничества23-е заседание Совета глав правительств (премьер-министров) государств-членов ШОС
23-е заседание Совета глав правительств (премьер-министров) государств-членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2024
Обуна шудан
Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дарсади саҳми ҳар як кишвар ба буҷаи ин созмонро тасвиб кардаанд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамин тариқ, дар паи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ тасмим дар бораи буҷаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои соли 2025 ба тасвиб расид.
Тибқи ин санад, Тоҷикистон бояд 6 дарсади маблағи умумӣ саҳм гузорад.
Русия ва Чин бештар ба буҷет пардохт мекунанд – ҳар кадом 17,6%. Қазоқистон дар ҷои сеюм – 15,2%.
© SputnikБа буҷаи СҲШ кишварҳо чӣ қадар пул медиҳанд?
Ба буҷаи СҲШ кишварҳо чӣ қадар пул медиҳанд? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2024
Ба буҷаи СҲШ кишварҳо чӣ қадар пул медиҳанд?
Ҳамчунин қарорҳо дар бораи ҳисоботи молиявии СҲШ оид ба иҷрои буҷети соли 2023 ва баёнияи муштарак дар паи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба имзо расидаанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 16 октябр дар Исломобод ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ нахуствазирони Русия, Белорус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ва муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон ва намояндаи баландпояи Ҳинд ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0