ИИАО ба ташкили бозори ягонаи хизматрасонӣ наздик аст

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2024
Обуна шудан
Ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳои ИИАО соли гузашта нисбат ба соли 2022 4,7% ва ҳаҷми савдои хизматрасонӣ 22,3% афзуд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дилпурона ба сӯи ташкили бозори ягонаи хизматрасонӣ пеш меравад.
Дар ин бора вазири Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) оид ба иқтисод ва сиёсати молиявӣ Бахит Султонов изҳор дошт.
Раёсати комиссия гузоришро дар бораи натиҷаҳои мониторинги таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба шароити тиҷорат дар соли 2023 баррасӣ кард. Ҳуҷҷат раванди мусбатро дар тамоми нишондиҳандаҳои асосӣ инъикос мекунад.
"Мо мебинем, ки ИИАО дилпурона ба сӯи ташкили бозори ягонаи хизматрасонӣ ҳаракат мекунад: то имрӯз ба он 142 бахш дохил шудааст, ки ин имкониятҳои нави тиҷоратро фароҳам меорад ва ба рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ мусоидат мекунад", - шарҳ дод Султонов.
Ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳои ИИАО соли гузашта нисбат ба соли 2022 4,7% ва ҳаҷми савдои хизматрасонӣ 22,3% афзуд.
Производство насосного оборудования на заводе Wilo  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2024
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО 4,5% афзуд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) иқтисод аз суръати миёнаи ҷаҳонӣ афзоиш меёбад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 3,8% афзуда, аз суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ пеш гузашт.
Имсол суръати тараққиёти иқтисодиёт боз ҳам баландтар аст.
Лентаи хабарҳо
0