ҲАМОС марги раҳбарашонро тасдиқ кард

© AP / Adel HanaПредставители движения "Хамас" маршируют по улице. Архивное фото
Представители движения Хамас маршируют по улице. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2024
Обуна шудан
Қаблан артиши Исроил хабар дод, ки бар асари амалиёти ахир дар навори Ғазза роҳбари ҲАМОС Яҳё Синвор кушта шуд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҷунбиши ҲАМОС марги раиси Бюрои сиёсии ин ҷунбиш Яҳё Синворро эътироф мекунад, гуфт муовини раиси Бюрои сиёсии Ҳамос Халил ал-Ҳайё.
Рӯзи панҷшанбе Нерӯҳои дифои Исроил расман эълон карданд, ки Синвор, ки созмондиҳандаи аслии ҳамлаи бесобиқа ба Исроил дар 7 октябри соли 2023 маҳсуб мешавад, дар навори Ғазза аз сӯи низомиёни исроилӣ кушта шудааст.
Ба гуфтаи низомиён, Синвор рӯзи 16 октябр кушта шуд.
Рӯзи панҷшанбе президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки хадамоти иктишофии Амрико ба Исроил дар пайгирии раҳбари Ҳамос кӯмак кардааст.
Яхья Синвар, глава ХАМАС в секторе Газа. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2024
Исроил эълон кард, ки раҳбари ҲАМОС Яҳё Синвор кушта шуд
Ҳамчунин, ноиби президенти ИМА Камала Ҳаррис гуфт, ки нерӯҳои вижаи Амрико низ дар таъқиби Синвор кумак кардаанд.
"Мо дар мотами роҳбари Бюрои сиёсии ҲАМОС, фармондеҳ Яҳё Синвор қарор дорем", - изҳор дошт ал-Ҳайё.
Ба гуфтаи ӯ, Синвор дар ҷанг кушта шуд.

Марҳум аз моҳи август ба ин сӯ раҳбарии бюрои сиёсии ҲАМОС -ро бар ӯҳда дошт. Пеш аз ӯ Исмоил Ҳаниё дар ин мақом қарор дошт, ки моҳи июл дар Теҳрон кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0