Филми тоҷикӣ, ки муштаракан бо Русия ва Эрон тавлид шуд, Шоҳҷоизаи "Тоҷи-Сомон" гирифт

© Foto / Киностудия "Сугдсинамо"Режиссёр фильма "Один на миллион" Мухиддин Музаффар
Режиссёр фильма Один на миллион  Мухиддин Музаффар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2024
Обуна шудан
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷашнвораи "Тоҷи Сомон" таҳти шиори "Қадршиносии ҳунари асил" баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Имсол "Шоҳҷоиза"-и Синамоҷоизаи дуюми миллии "Тоҷи Сомон" насиби Муҳиддин Музаффар барои филми "Моҳӣ дар шаст" гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин ҷашнвора таҳти шиори "Қадршиносии ҳунари асил" дар "Кохи Суруш" баргузор шуд.
Филми мазкурро "Тоҷикфилм" ва "ДОВфилм" якҷоя бо ширкати русии "Амкарт" ва ширкати телевизионии эронии iffilm сохтаанд.
Қаҳрамони аслии филм Далери 10-сола хонандаи мактаб-интернат аст, ки барои мулоқот бо модараш тамоми Тоҷикистонро тай мекунад.
Ҷоизаи асосӣ - муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомониро ба Муҳиддин Музаффар, коргардони ин филм, Маҳмадсаиди Шоҳиён, директори "Тоҷикфилм", сардори шӯъбаи кинематография ва рушди рақамии Вазорати фарҳанги Русия Дмитрий Давиденко ва коргардони ҳиндӣ Умеш Меҳра супурданд.
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2024
Тақдими ҷоизаи Рӯдакӣ ба Далер Назаров
Дар ин чорабинӣ ҳакамон ҳамчунин беҳтарин филмҳои мустанад, кӯтоҳ, аниматсионӣ ва дебютӣ, беҳтарин нақшҳои мардона, занона ва кӯдакона, беҳтарин муҳандиси садо, наворбардор, коргардон, монтаж ва тарроҳӣ ва ҳамчунин тамошобинонро муайян намуданд.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузор кардани ин ҷашнвора тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони тоҷик ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад.
Имсол дар Ҷашнвораи "Тоҷи Сомон" беш аз 50 филми бадеӣ, кӯтоҳ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0