https://sputnik.tj/20241017/tojikiston-marhila-faol-tamrin-spad-rubezh-2024-1064754667.html
Дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамринҳои СПАД "Рубеж - 2024" оғоз шуд
Дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамринҳои СПАД "Рубеж - 2024" оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар чорабинӣ намояндагони вазоратҳои дифои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва як гурӯҳ афсарони Ситоди муштараки СПАД ширкат доранд 17.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-17T18:44+0500
2024-10-17T18:44+0500
2024-10-17T18:44+0500
дар тоҷикистон
спад
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/11/1064756073_0:144:3072:1871_1920x0_80_0_0_55b369ba25949b5dcfd2bcb06db87d8d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамрини СПАД "Рубеж-2024" бо Нерӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ (НДИСОМ) оғоз шуд. Дар ин бора дафтари матботи СПАД хабар дод.Дар ин тамринот намояндагони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат доранд, хабар медиҳад созмон."Вазифаҳои асосии Нерӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ омодагӣ ба рафъи таҷовузи низомии беруна ва муқовимат ба чолишҳои террористӣ, вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошанд", - изҳор дошт Абдуллозода.Зимнан зикр мегардад, ки бахши аъзами контингенти Русия аз хизматчиёни Пойгоҳи 201 -ум иборат аст.Теъдоди умумии иштирокчиёни машқҳо ҳудуди 1,5 ҳазор буда , 250 адад техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро ташкил медиҳад.Дар ин тамринот омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави СПАД таҷовуз кардаанд, таҷриба мешавад. Айни замон Нерӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба ташкили амалиёти ҷангӣ дар шароити биёбони кӯҳӣ, ҳамоҳангсозии воҳидҳо ва омода кардани онҳо барои иҷрои вазифаҳои таълимии ҷангӣ кор бурда истодааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти.
https://sputnik.tj/20241016/tojikiston-jamomad-favri-kishvarho-spad-nzd-osiyoi-markazi-1064733360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/11/1064756073_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_5d8ee40affbe7e19645b564272fce834.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, спад, амният ва мудофиа
дар тоҷикистон, спад, амният ва мудофиа
Дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамринҳои СПАД "Рубеж - 2024" оғоз шуд
Дар чорабинӣ намояндагони вазоратҳои дифои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва як гурӯҳ афсарони Ситоди муштараки СПАД ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамрини СПАД "Рубеж-2024" бо Нерӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ (НДИСОМ) оғоз шуд.
Дар ин бора дафтари матботи СПАД хабар дод.
"Дар давраи аз 17 то 21 октябри соли ҷорӣ дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" таҳти роҳбарии муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Абдуллозода Саидасрор Саид марҳилаи фаъоли машқҳои муштарак бо Нерӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардид", - омадааст дар хабар.
Дар ин тамринот намояндагони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат доранд, хабар медиҳад созмон.
"Вазифаҳои асосии Нерӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ омодагӣ ба рафъи таҷовузи низомии беруна ва муқовимат ба чолишҳои террористӣ, вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошанд", - изҳор дошт Абдуллозода.
Зимнан зикр мегардад, ки бахши аъзами контингенти Русия аз хизматчиёни Пойгоҳи 201 -ум иборат аст.
Теъдоди умумии иштирокчиёни машқҳо ҳудуди 1,5 ҳазор буда , 250 адад техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро ташкил медиҳад.
Дар ин тамринот омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави СПАД таҷовуз кардаанд, таҷриба мешавад.
Айни замон Нерӯҳои дастҷамъонаи истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба ташкили амалиёти ҷангӣ дар шароити биёбони кӯҳӣ, ҳамоҳангсозии воҳидҳо ва омода кардани онҳо барои иҷрои вазифаҳои таълимии ҷангӣ кор бурда истодааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти.